Ба қалбам меҳри худ ҷо кун, Худоё,
Раҳо аз ҷумла ғамҳо кун, Худоё.
Ба зикри номи покат ҳар замоне,
Лабонам шакаросо кун, Худоё.
Дари ганҷинаи ирфону ҳикмат,
Ба рӯям ҳамчу гул во кун, Худоё.
Макун муҳтоҷ бар шахсе Ту имрӯз,
Муродам ҷумла эҳё кун, Худоё.
Ҳам аз ганҷинаҳои олами ғайб,
Маро рӯзӣ муҳайё кун, Худоё.
Ба имон қабз кун арвоҳи моро,
Муқими боғи аъло кун, Худоё.
Зи тоби оташи гармои маҳшар,
Ба зери Арш маъво кун, Худоё.
Зи ҳавзи Кавсарам сероб гардон,
Ба дидорат Ту бино кун, Худоё