Дустон, вакти гули хор маро ёд кунед, Чун гули санг зи кухсор маро ёд кунед. Гар бихохед, ки ман хуфта набошам дар хок, Бо дилу дидаи бедор маро ёд кунед. Хар гахе чом ба каф масту гарончон хонед Шеъри Хайём ба такрор, маро ёд кунед. Ман хамонам, ки шумо дидаву каф куфтаед, Бо хамон нангу хамон ор маро ёд кунед. Гаму шодии чахон дар дили ман хок шудаст, Сари хар шодию тимор маро ёд кунед. Чоми умри мани пуршур агар нима шикаст, Сари хар мастии саршор маро ёд кунед.