Яке бори гарон бар сар,
Яке бе хонаву бе дар,
Яке хобад ба руйи зар,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке дорандаву бой аст,
Яке дар лаб,фак,ат вой аст,
Яке то зону дар лой аст,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке дур аз диёри худ,
Ч,удо аз руйи ёри худ,
Яке бе дастиёри худ,
Чи дунёест дард-овар?
Яке куру,яке кар аст,
Яке дар сузи модар аст,
Яке дар фикри гавх,ар аст,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке бехамнафас сузад,
Яке зик,к,и нафас сузад,
Яке чун хору хас сузад,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке ч,ох,у ч,алол дорад,
Яке бечора х,ол дорад,
Яке к,омат чу дол дорад,
Чи дунёест,дард-овар?
Яке дар ч,ойи хоб мирад,
Яке дар faрк,и об мирад,
Яке бо сад азоб мирад,
Чи дунёест дард-овар?
Яке