Эй мискини ғарқ дар гуноҳ ту кистӣ?
Оё медонӣ ту Худоеро нофармонӣ мекунӣ , ки аввалин ва охирин Уст. Қодир ва тавоност ва ҳеҷ амре бе иҷозати вай анҷом намегирад. Эй заифи нотавон! Ту Парвардигореро нофармонӣ мекунӣ , ки У подшоҳи қодир ва тавоност. Эй мутакаббир мағрур! Битарс, ки у каломатро мешунавад ва ҷойгоҳатро медонад ва огоҳ ба ҳама аҳвол аст: «Оё онҳо намедонанд, ки он чизеро, ки пинҳону ошкоро мекунанд, Худованд медонад». Сураи «Бақара» ояти 77. Чи гуна аст, ки амалҳо ва кирдори ношоистаи худро аз бандагон мепушӣ ва аз У, ки Парвардигори бандагон аст, ҳаё намекунӣ ? Магар У набуд, ки аз нестӣ туро офарид? Либос надоштӣ , туро либос