Аз баҳри вафодорон, моҳи Рамазон омад,
Бар Халқи Худо, ёрон моҳи Рамазон омад.
АЛЛОҳ мададгор аст,дар ҳар қадаме ёр аст,
Лутфаш ба накӯкор аст,Моҳи Рамазон Омад.
Тақвою амал дорӣ,бо сидқ талабгорӣ,
Дурдона ба каф орӣ, Моҳи Рамазон Омад.
То аҳзаи Рӯзи Ид берун марав аз масҷид,
Роҳи ту шавад испед, Моҳи Рамазон Омад
Баргӯ ту санои Ӯ, меҷӯ ту ризои Ӯ,
Мегӯ ту дуои Ӯ, Моҳи Рамазон Омад.
Бар нафс даме бистез,аз ҷурму хато парҳез,
Аз хоби гарон бархез, Моҳи Рамазон Омад.
Ҳоҳӣ ба сарат партав, бо роҳи Муҳаммад рав,
Дилдори Муҳаммад шав, Моҳи Рамазон Омад
Овози азон ояд, сад нашъа ба ҷон ояд,
Сад нури аён ояд, Моҳи Рамазон Омад
Сарчашмаи эҳсон аст,сармояи Имон аст,
Роҳат ба дилу ҷон