БАРТАНГ
Бартанг ки чои хубу воло дорад
Хам оби равону санги хоро дорад
Пирони суханвару мардони хунар
Хам окилу хам духтари зебо дорад
Дар домани дашту лаби дарёи хуруш
Пудинаю кокутиву лайло дорад
Бобунаву ангату кони мумиё
Гулхои базеб зи канзи шифо дора
Охуи рамиду сугуру хирсу паланг
Хам кабки хилол, чугзу соро дорад
Сад ганчи нихон дар таги кухояш
Марвориду тиллои хоми дарё дорад.
Аз шахсияташ агар сухан меронам
Сад окилу пахлавону доно дорад
Он олими мазхаби ки аз Равмед буд
Имруз сухан дар он дунё дорад
Аз кони Алиф агар сухан меронам
Нисори Шакар ки сад Алифбо дорад
Чонбози хунарманд аз мазори хунар аст
Хамкори ба оханги Гуломшо дорад.
Даржомч ки дорад одамони баруманд
Курбонали ва Ошуру Улфатшо дорад.
Хизмат ки ба дарди хамагон дармон аст
Хамкори ба кору илми Сино дорад.
Марди мард аст ба кас муяссар нашавад
Мачнуни Разучи кадри дунё дорад.
Чанд шахси дигар зи одамони некаш
Имонгуй ва Расулу Кадамшо дорад.
Ачирш хамеша интизори мехмон
Ошуру Карам Сабоцу Фарход дорад.
Аз Хоча Басид агар сухан мегуям
Бо дафдари Насими муаммо дорам.
Аз даргахи Сафдарону Хочаи Нур
Пирони баруманду тавоно дорад.
Дар боги санъат агар хунар месанчем
Анояту Шанбеву Ватаншо дорад.
Гар сарфи назар ба Сарфароз бикунем
Дар сад хунараш хазор маъно дорад.
Ман худ зи Чадуд хунар надорам асло
Холмамаду Мехраливу Мирзо дорам.
Дар Хоча Басид ман сабак омухтам.
Макотиби хушруй лаби дарё дорад.
Дар Бардара халки мехмоннавоз
Чанд арча зи дасти Носири мо дорад.
Се шахсияташ бари мо маълуманд
Абулхайру Нурмамаду Толибшо дорад.
Рошорви бузург пур зи ганчи гандум
Хучамёр ва Олими Азалшо дорад.
Чанд каси дигар зи одамони доно
Султонбеку Шерозу Ватаншо дорад.
Япшорв хавои дилнишине дорад
Зардолу-Шиновару Барамшо дорад.
Нисуру Барчидив сарчашмаи об
Дар кули Сарез гариби дунё дорад.
Савноб ки дорад калъаи бостони
Дар дар дашти Писосп санчиши хаво дорад.
Аз Рухьчу Пасору Гудара гар гузари
Помири бихишт хазор сахро дорад.
Хам охуву архару хуруси дашти
Сад хирсу паланг гургу рубох дорад.
Дар итминон шукр ба Бартанги худ кунам
Сад окилу сад олиму доно дорад.
Рахмихудо тарки ватан кардаи чаро
Мачбурии зиндаги такозо дорад.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1