Анбиё бо сад алам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Авлиё бо Чашми нам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Ошиқон бо Синаи Афгор доим Ашкбор,
Ҷониби Хоки Одам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Дардмандон аз Ғами дилдор нолон Рузу Шаб.
Дар Ғами рӯйи Санам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Нозанинони Ҷаҳон чун ғунчаи Гул дар Шукуфт.
Дар хазони дарду ғам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Подшоҳон дар ғурури Тоҷу Тахту Молу Мулк.
Монда Мулку Ҷоми Ҷам рафтанд, ту ҳам меравӣ.
Ҳар Муборизи саркаши Рустаминони Ру