САЙЁҲИРО РИВОҶ БОЯД ДОД
Туризм ё сайёҳӣ дар ҷаҳони имрӯза маъруфияти бештаре касб карда, сол ба сол таваҷҷуҳ ба ин соҳа рӯ ба афзудан дорад. Теъдоди сайёҳон дар дунё бамаротиб зиёд мешавад ва бисёр давлатҳо аз ин раванд пурсамар истифода мебаранд, чунки туризм соҳаи бисёр сердаромад аст.
Кишварҳое ҳастанд, ки манбаи асосии даромади буҷеташон аз туризм аст, аз сайёҳӣ чун манбаи даромади иловагӣ фоидаи бисёр ба даст меоранд. Швейтсария яке аз давлатҳои Аврупо мебошад, ки иқтисодаш бо фоида аз системаи бонкӣ рушд кардааст ва дар баробари ин, ҳамчун сарзамини кӯҳсор туризмро ниҳоят ривоҷу равнақ додааст. Ин аст, ки аз ин соҳа низ даромади калон мегирад. Аз ин рӯ, сатҳи зиндагии шаҳрвандонаш хел