Мову ту хар ду зиндаем,он чо туи,ин чо манам Як чашмаи дарё туи,як чашмаи дарё манам. Дунёи бесохиб агар сохиб наёбад бахри худ, То сохиби ишки туям,як сохиби дунё манам. Савти мухолиф мезананд аз чор су,аммо чи бахт, Як тори хушово туи,як тори хушово манам. Мову ту харду хамназар,аммо чудо аз хамдигар Як дарди бедармон туи,як дарди чанфарсо манам. Бешу ками ин зиндаги аз химмати мо будааст. Як дасти гулпарвар туи,як дасти гулпиро манам. Дар роххои ин чахон рахгум задам бе рахзане. То рахзани умри мани,якумр рохпаймо манам. То ишки ту чушон бувад,хокистарам партав дихад, То ишки ту пинхон бувад,дар шоири пайдо манам.