Левая колонка
Мурда дар тобуту ёрон дар ғами мерос ҷанг,
Нест парвои касеву марг н-овард ҳеҷ панд.
Мурда гӯё хӯрд маргоб аз чунин номусу нанг,
Зиндаҳо дар изтироби фитнаву бӯҳтону фанд.
Мурда гуфто кош, будам дар раҳе як пора санг,
Ҷаъми пайвандон ба моли ӯ шукуфта ранг- ранг.
Мурдаро парво набошад ё ба хок, ё оби ганг,
Зиндаҳо шоданд зи ӯву ҳоли зораш мисли данг.
Мурдаро бар сар ҳароси сахтиҳои гӯри танг,
Зиндаҳо шоданд ба ёдаш мебароранд дуди банг.
Мурдани худро намедонанд ин аҳли гаранг,
Бас сипоҳанду айёранд ранги он рӯбоҳи ланг.
Мурдаро боист мехӯрд зиндагиро мисли қанд,
То ки ин соат намехӯрд номи ӯро ҳеч занг.
Олимҷони Қодир
МИЛОДИ ШЕЪР
Он рӯз шеъри барг зи шохе фитода буд,
Шоир ба номи ишқ дил аз даст дода буд.
Вораста аз ҳақорати андарзҳои пуч,
Девонавор дар талаби ҷому бода буд.
То интиҳои қисса надонист ҳеч кас
К-ӯро ба рағми шабкада хуршед зода буд.
Ӯ бо тамоми таҷриба аз дарки рӯзгор
Андар назар як одами нодону сода буд.
То ишқ дар нигоҳи шафақ зиндагӣ кунад,
Оғӯшро ба ҷониби хасмаш кушода буд.
Аз инҳисори панҷара то шед рафт, рафт,
Норафтаҳои умр вале ҷода-ҷода буд!
- Класс
01:17
- Класс
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту
Друзья342
- Ислом ШоевТурсунзаде (Регар)
- 🫡чафари Ганизода☝️Душанбе