Бигзор,ки дар хасрати дидор бимирам, Дар хасрати дидори ту бигзор бимирам. Душвор бувад мурдану руйи ту надидан, Бигзор ба дилхохи ту душвор бимирам. Бигзор,ки чун нолаи мургони гирифтор, Дар вахшату андухи шаби тор бигирям. Бигзор,ки чун шамъ кунам пайкари худ об, Дар бистари ашк афтаму ночор бимирам. Бигзор чу хуршеди гудозандаи мисфом, Дар домани шаб бо тани табдор бимирам. Бигзор шавам сояи айвони баландат, Суят хазаму гушаи девор бимирам. Мемирам аз ин дард,ки чони дигарам нест То аз гами ишки ту дигарбор бимирам. То будаам, эй дуст,вафодори ту будам, Бигзор бад-он гуна вафодор бимирам.