АЗ ДУОҲОИ ПАЁМБАР (С)
"Худоё, ба мо дар моҳи Раҷаб ва Шаъбон баракат бидеҳ ва моро ба моҳи Рамазон бирасон".
(Имрӯз 1-и моҳи Раҷаб аст)
Моҳи пурфайзи Раҷаб, моҳи Набӣ, моҳи Худост
Моҳи тавба, маҳи раҳмат, маҳи зикр асту дуост
Моҳи аз хеш буридан, ба Худо пайвастан
Хуррам он кас, ки ба ҳақ восилу аз хеш ҷудост
Боракаллоҳ, ки дар сездаҳи моҳи Раҷаб
Иди мелоди Алӣ, бар ҳама муъмин мавлост
Каъба оғӯш кушода чу гиребон аз ҳам
Ки зи қалби ҳарамуллоҳ рухи Ҳайдар пайдост
Нимаи моҳи Раҷаб рӯзи вафоти Зайнаб
Ӯ, ки духти Аливу модари сабр асту ризост
Зайнаб, он фотеҳи майдони асорат, ки ҳанӯз
Зинда аз хутбаи ӯ воқеаи Карбубалост
Шердухти Аливу Фотимаву ухти Ҳасан
Ки Ҳусайни дигар асту нафасаш Ош