Падруд, ҳабиби дил, дил мурд зи ҳиҷронат, Дил мурд, муборак гў бо куштани осонат. Дар хотири чашми ман чашмони ту монду бас, Чашмони ту монду бас – савганд ба чашмонат. Шаш сў шакаристон шуд аз ҳарфи шакаррезат, Моем чу най нолон дур аз шакаристонат. Гуфтӣ, чӣ барам ҳадя бар шодии милодат, Як шаъшаа шодӣ деҳ бар ҷони ман аз ҷонат. Милоди навам додӣ, з-ин беш чӣ мехоҳам, Як лолаи сурх овар, эй сабзу тар обонат. Як лолаи сурх овар аз он тарафи сина, Сад Наргису сад Лола беморату қурбонат. То васл нарафтан чист – аз васл фаро рафтан, То васл нарафт охир, ишқи туву ирфонат. Рафтам, зи пасам гуфтӣ: Эй рафтаи беосор! Нақши қадамамро шуст фаррош зи долонат.