ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК БОШАД БА ҲАМАИ ДӮСТОНУ ҲАМВАТАНОН
Ҳамду сипос ва шукри шоистаи он Парвардигорест, ки ба мо тавфиқ дод моҳи рамазонро рӯза бигирем, пас ҳар яки мо ба худ баргардем ва худро муҳосаба намоем, ки дар ин моҳи муборак, дар ин меҳмонии Аллоҳ, чӣ анҷом додаем, чун фардое меояд ва ба нафъ ё ба зарарамон гувоҳ хоҳад шуд, бар ҳасби он чӣ, ки дар ҳаққи ӯ анҷом додаем, пас бишитобем ба сӯи тавба ва истиғфор ва гуфтору кирдори солеҳ ва тазарруъу зории Аллоҳи зулҷалол, то шояд ҷуброни кӯтоҳкориҳоямон шавад.Азизони ман! Аллоҳи мутаъол дар поёни ин моҳ, ибодатеро машрӯъ намуда, то имонамон афзоиш ва ибодатҳоямон комил ва неъматҳояшонро беҳтару комилтар бароямон арзонӣ бахшад ва он за