Ғам махур эй бандаи хоки, агар ёрат Худост,
Рав аз ин ғурбатсаро берун, ки ғамхорат Худост.
Аз Худои Қодиру Розиқ мададҷу доимо,
Дастгират дар ду олам, ҳам мададгорат Худост.
Гар харидоре надори, ту дар ин бозори даҳр,
Бин, ки дар бозори маҳшаргоҳ,харидорат Худост.
Меҳрубонтар аз зану фарзанду ҳам аз ёру дуст,
Ан даруни қабри торик, дусти дустдорат Худост.
Аз адаб ёбад одам, қурби даргоҳи Худо,
Гар ту ҳасти беадаб, сузанда дар норат Худост.