Левая колонка
Ало модар! -зи ту дурам гарибам,
Илочаш нест хамин будаст насибам.
Ту шояд ин замон аз ман куни ёд,
Зи дасти инзамон мекунифарьёд.
Ки фарзанди азиз аз ту ҷудо кард,
Ду чашми ту ба суи кучахо кард.
Гумон дорам маро пазмон шуди ту,
Зи дер оии ман хайрон шуди ту.
Хаёлам хар сахар то вакти бегох,
Нигохоят хамеша чониби рох.
Ки шояд ин замон фарзанд ояд,
Ба лаб сад ханда у аз дар дарояд.
* * *
Пеш аз марг видоъ гӯямат, эй ҷону танам,
Боварам нест, ки ман дар ватани хештанам.
Боварам нест, ки сад даст бувад ҳамдастам,
Боварам ҳаст, ки сад қасд бувад гӯрканам.
Ман зи диҳ омада будам, ки тамаддун ёбам,
Боз ронданд маро сӯи диҳи хештанам.
Ман ки аз соддахаёлони куҳистон будам,
Боварам буд, ки хоротану хорошиканам.
Аз диҳ озод ба шаҳр омадаму дарпечид
Шаҳр дар гардани озод танобу расанам.
Мардум, эй мардуми сода, ту надонистӣ, ҳайф,
К-аз табу тоби ту бошад табу тоби суханам.
Эй Зарафшон, ту маёсой даме, мавҷ бизан,
То зи амвоҷи ту бофанд матои кафанам.
Сорбон оҳи ҷаҳонсӯзи маро менолад,
“Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам”.
13.01.1999 Лоик
- Класс
Бемор машав Модар, фарзандат мусофир аст.
Аз дурии ту Модар,фарзанди ту дилгир аст.
Бемор машав Модар, танхо ту умедам.
Дар дидаву дар калбам, мохтобию хуршедам.
Бемор машав Модар, ман бе касу танхоям.
Чуз дар дили ту Модар, чое набувад чоям.
Бемор машав Модар, кас нест ба дилам хамдард.
Ин чархи чафо пеша, бемадори ман чо кард.
Бемор машав Модар, бо ёди ту ман зинда.
Бемор машав Модар, аз дил биравад ханда.
Бемор машав Модар, яздони замини ту.
Афгор машав Модар, яктои замини ту
- Класс
Ба дил сад достон мемирам охир,
Чу гул дар бӯстон мемирам охир.
Зи макри душманон боке надорам,
Зи қасди дӯстон мемирам охир.
Ман аз дасти замон ҳаргиз намирам,
Ки аз дасти занон мемирам охир.
Фалак бар дӯши ман борест сангин,
Таҳи бори гарон мемирам охир.
Ҷаҳон бо дарди ман коре надорад,
Ман аз дарди ҷаҳон мемирам охир.
Агар дар шеър фарзанди замонам,
Ба лаб шеъри замон мемирам охир.
Ҷавонмаргӣ фақат марги ҷавон нест,
Ба сад пирӣ ҷавон мемирам охир!....ЛОИК
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту
Друзья105
- Алик ГуловМосква
- Абулкосим ХалимовМосква
- хочи Зокирхонг. Обнинск (Калужская область)
126 подписчиков