Аз ҳама ғам то ту мехоҳам гурезам, модарам,
Дар бари домони ту хобам нахезам, модарам.
Ҷумлатан чашм мешавам – як чашми саршори сиришк.
Қатра-қатра пеши пои ту бирезам , модарам.
Дурам аз даргоҳи ту, ман дарди ту, ман оҳи ту,
Нестам асои пирият, чи чизам, модарам?
Вой бар ман, вой бар ман! Хок резад бар сарам,
Бар сарат гар ганҷи умрамро нарезам, модарам.
Кош будам ҳам баҳои як суруди аллаят.
Эй дилат гаҳвораи поки тамизам, модарам.
Зиндаги чун кудаке ором гирад як нафас,
Аз суруди ҷонфазои ту азизам, модарам.