Бипурсиданд аз Султони аброр,
Зи аснофи саҳоба баъзе ахбор.
Ки, эй Донойи ваҳйи Кибриёй,
Чи мебошад нишони овлиёи?
Бигуфт Ҳазрат, нишони авлиёи,
Ҳамон ки ҳаст масти Кибриёи.
Нигоҳи кас агар дар руяш афтод,
Ҳамон лаҳза зи Ҳақ меоядаш ёд.
Зи доғи ишқ доим синааш гарм,
Касе, ки дид уро мешавад нарм.
Зи доғи У расад кам- кам ба дил дард,
Зи муҳри мосивойи дил кунад сард.
Агар солик биёбад ин нишонро,
Фидо созад ба хоки пош ҷонро.
Бидон, эй солики хом, ин башорат,
Бимол аз хоби ғафлатҳо басорат.
Биҷу, дарёб соҳибкимиёро,
Ба дарди куҳна нав бахшад даворо.
Ки асли кимиё ишқаст, дарёб,
Шавӣ зар оқибат аз хоки ин боб.
Ҳама мисҳост аз ин кимиё зар,
3аданд дар остони қудси У пар.
Биё