Гулдастаи гулзори ҳақ, ё Расулуллоҳ Туй Ту. Ҳам ошиқу дилдори ҳақ, ё Расулуллоҳ Туй Ту. Дар мактаби меҳру вафо, Дар маҳфили меҳру сафо, Дармони ҳар чабру чафо, ё Расулуллоҳ Туй Ту. Ё раб зи ин меҳри ҳабиб, Аз баҳри мо гардон насиб, Зоте ки У бо ҳақ қариб, ё Расулуллоҳ Туй Ту. Ҳасти Ту шоҳи умматон, Ҳам такиягони умматон, Пушту паноҳи умматон, ё Расулуллоҳ Туй Ту. Рузи қиёмат бод рас, Бар умматон фарёд рас, Ҳочат барори чумла кас, ё Расулуллоҳ Туй Ту. Ай лазати дилдоруҳо, Ай зиннати гулзоруҳо, Ай беҳтарин аз ёрҳо, ё Расулуллоҳ Туй Ту. Дар синаи бемори мо, Дар дидаи бедори мо, Ҳар лаҳзаи гуфтори мо, ё Расулуллох Туй Ту. Мо ошиқон дур аз гулем, Нолакунон чун булбулем, Дар ҳасрати руи гулем, ё Р