Он кас , ки бидонад ва бидонад , ки бидонад
Аспи шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад.
Он кас ки бидонаду надонад, ки бидонад,
Бедор-ш намоед, ки дар хоб намонад.
Он кас ки надонаду бидонад, ки надонад,
Лангон хараки хеш ба манзил бирасонад.
Он кас ки надонаду надонад, ки надонад,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад.