Pinned
ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ИБРОҲИМЗОДА ЗАФАРШО САФО
БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО”
Муҳофизон ва муаррифгарони таърих ва осори ниёгони миллати тоҷик!
Рӯзи байналмилалии осорхонаҳоро ба ҳар кадоми Шумо самимона муборакбод гуфта, бароятон, пеш аз ҳама сиҳатмандӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон бурдбориҳо таманно мекунам.
Бемуҳобот, ин ҳама мероси ниёгон, ёдгориҳои арзишманд ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати Шумо ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифӣ мегарданд.
Шумо бо масъулияти бузурги ватандӯстӣ дар осорхонаҳо фаъолият намуда, ҳама талошатонро баҳри пешбурди ин бахши муҳими соҳаи фарҳанги кишвар равона месозед.
Имрӯз осорхонаҳо инъкосгари
Мулоқоти судманд бо намояндаи вазорати фарҳанги Россия
Рӯзи 6 июли соли 2023 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо муовини директори Департаменти осорхонаҳо ва робитаҳои хориҷии Вазораи фарҳанги Федератсияи Россия Наталия Василевна Чечел мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаҳои Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” таъкид карданд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо осорхонаҳои Федератсияи Россия дар ҳамкориҳои хориҷии Осорхонаи миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби мо ба тамоми маҷмӯи робитаҳои дуҷонибаи осорхонаҳо таваҷҷу
Робитаҳо бо Корея тақвият меёбанд
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ муовини директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Наимзода Дилором бо директори Маркази илмии тармим (конверсатсия)-и мероси фарҳангӣ (CHCSC)-и Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) хонум Ҷионг Соёнг вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо аз вохӯрии нахустин миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва CHCSC изҳори хушҳолӣ намуда, роҳҳои мубодилаи тадқиқотҳо оид ба деворнигораҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина оид ба ҳолати нигоҳдории деворнигораҳои Панҷакенти қадим дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо роҳҳои макроскопӣ, аксбардорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тадқиқот сурат гирифта, тақвияти мубодилаи таҷ
Иштирокчиёни муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо осори ниёкони тоҷикон шинос гардиданд.
Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия
Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Муколама миёни осорхонаҳои Тоҷикистону Россия” форум баргузор гардид.
Дар кори форум намояндагони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иброҳимзода Зафаршо директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар суханронии хеш нахуст ташрифи меҳмононро ба ин махзани осори ниёкони тоҷикон хуш омадед гуфта, баъдан зикр намуд, ки “Бешубҳа, дар шароити муосир дар ҳалли масъалаи ҳифзу эҳёи анъанаҳои фарҳангии ҳар як халқу миллат осорхонаҳо мақоми хосаеро ишғол мекуна
Раванди омодагиҳои намоиши “Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар”
Дар доираи рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 07.07.2023 дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Сарзамини муқаддас ва муъҷизаофар” намоиш ифтитоҳ мегардад.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи давлатӣ ва марказии кинои Федератсияи Россия наздики 50 адад аксҳо оид ба фаъолияти киностудияи “Тоҷикфилм” ба тамошо бароварда шудаанд.
Маврид ба зикр мебошад, ки киностудияи “Тоҷикфилм” дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо офаридани киноҳои таърихӣ аз ҳаёти мардуми тоҷик ба монанди “Дохунда”, "Ҳасани аробакаш", “Зумрад”, “Ман бо духтаре вохӯрдам” ва амсоли инҳо мақоми намоёнро сазовор гаштааст.
Кинои тоҷик дар тӯли мавҷудияти
ЯК ЭКСПОНАТ - МАТОЪПОРАҲОИ БОЗОРДАРА
Яке аз гӯшаҳои намоишии шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллӣ бо бозёфтҳо ва нигораҳои шаҳраки Бозордара ороста шудаанд. Бозордара шаҳраки конкобҳо буда, дар ноҳияи Мурғоб воқеъ гардидааст ва мансуб ба асрҳои IX - X мебошад. Дар миёни бозёфтҳо ашёҳои нуқрагин, филизӣ, биринҷӣ, сафолӣ, матоъпорањо ва амсоли инҳо мавҷуд буданд, ки ҳар яки онҳо аҳамияти муҳими таърихӣ ва фарҳангиро дар худ таҷассум менамоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки матоъҳо дар ин давра аз абрешим, пахта, катон ва газвор истеҳсол карда мешуд. Аксарияти матоъҳои аз Бозордара ба даст омада, аз нахҳои пахта омода шудаанд. Муҳимтарин бозёфтҳо дар байни онҳо ин навиштаҷот
Филми "Давлати муқтадири Сомониён"
"Телевизиони Тоҷикистон"
Гузориши "Телевизиони Тоҷикистон" оид ба "Давлати Сомониён" аз Осорхонаи миллӣ
ТАРМИМИ ЯК АДАД АШЁИ ЧӮБӢ – ЧАРХИ РЕСАНДАГӢ
Ҳунари тармимгарӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти осорхонавӣ буда, баҳри ҳифз, барқарорсозӣ ва таҳкими осори таърихию фарҳангӣ нигаронида шудааст.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти тармимгарӣ мустақиман ва ба таври густурда идома дорад. Дар ҳамин раванд мутахассисони шуъбаи тармим ва консерватсия як адад ашёи чӯбӣ – чархи ресандагиро пурра тармим ва барқарор намуданд.
Show more