Чанде пеш қисмҳои мототирандозӣ ва иктишофии пойгоҳи 201-ум марши серузаро дар ноҳияи Варзоб анҷом дода, ба баландии қариб 4000 метр баромаданд.
Пойгоҳи 201 - бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзи ин кишвар, ки дар Душанбе ва Бохтар мустақар аст. Дар ҳайати он қисмҳои танкӣ, тӯппаронӣ, зиддиҳавоӣ ва иктишофӣдохиланд.
Аз соли 2015 инҷониб дар ин пойгоҳ беш аз 7 ҳазор низомиёни тоҷик - аз гранатаандозон то танкчиён таълим гирифтаанд. Пойгоҳ дар машқҳои муштарак бо нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва кор дар шароити баландкӯҳ фаъолона иштирок мекунад.
Дар шароити нооромӣ дар марз бо Афғонистон ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар доираи СПАД як омили асосии амнияти минтақа боқӣ мемонад. Пойгоҳи 201-ум на танҳо як қудрати низомӣ, балки кафолати муҳофизат аз таҳдидҳои беруна низ мебошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев