Предыдущая публикация
Аз гӯшаи сармову хунук бар чаман оед.
Ҷаста зи қафас, лона гузорида ба ҳар кӯй,
Сӯи қафаси хеш чу як ҷону тан оед.
Ин кишвари зебову фиребо Ватани мост,
З-ин рӯ бишитобеду ба зудӣ ба ман оед.
Садпора бигаштед, ба ҳар гӯшаи дунё,
Аз Русияву кишвари Чину Хутан оед.
Ҷуйҳои равонгашта Шумо, бар дили дарё,
Аз Ҳинду Ҳироту Ҳамадону Адан оед.
Шоиру дабиред ва ё ҳар, кӣ набошед,
Бо шеъри тару фикри навину сухан оед.
Пайдост, ки ин ҳиҷрати мо ғафлати мо буд,
Бо дидаи бедор ба сӯи Ватан оед.
Гарди қадами пойи Шумо сурмаи чашмон,
Эй дурру ақиқи Ватанам, аз Яман оед!
Рози Алавӣ баҳри шумо ҳамватанонам,
Оре! ҳама сӯи Ватану анҷуман оед.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9
Дар само тайёра хар соат хати нав мекашад.
Бинои зиндаги тахрези аз хишти мухаббат шуд,
Бинои умри мо аз хишти шодиву гами дунё.
Баргхо ракскунон рангубаранг мерезанд,
То ба руи рахи мо колини заррин бофанд.
Вакт хам акнун барои интикомам мерасад.
Модарам рахинтизори мо азизони гариб,
Шарфаи по бишнавад то пушти бомам мерасад.
Чехраи зебои Модар сурх аз тасфи танур,
Буи нони гарми Модар бар машомам мерасад.
Шукри ин даврону ин навоварихо мекунам,
Лоакал бо "гушаки хамрох" саломам мерасад.
Дар гариби талху шурихо чашидам аз хаёт,
Бо умеде, ки ширинихо ба комам мерасад.
«Дар набарди зиндаги афтодаму бархостам,
Сайди зебои хаёлам, кай ба домам мерасад.
Зиндаги сад ранч дорад, дустам мардона бош,
Шишаи паймонаи васл назди чомам мерасад.
Хомхо кай пухта гардад бе шарори оташе,
Шуъла пеши ранчхои нимахомам мерасад.»
Хомаам бишкасту чанде гуфтани дар дил бимонд,
То ба фардо номахои нотамомам мерасад.
Дар талоши зистан аз баҳри ҷон,
Боз як соли ғарибӣ даргузашт,
Дар талоши ҷустуҷӯ аз баҳри нон.
Боз як соле аз ин умр кам шуда,
Бар дару дарвозаи бегонагон.
Боз як соли ҷудоӣ даргузашт,
Дар фироқи дӯстони меҳрубон.
Чанд соле боз чун ин бигзарад,
Ин нишасту хезҳо бо дигарон,
Чанд соле боз чун ин бигзарад,
Дар ғарибӣ гирди хони ину он?
Кош омад ин ғарибӣ пушти сар,
Мешикаст низ интизори модарон.
Кош ҳиҷронӣ ба сар омад маро,
Нест бодо! Сӯзи қалби хоҳарон.
Кош мо сарҷамъ будем дар ватан,
Дар канори нағзрӯёни ҷаҳон,
Ҳамдилу озод мегаштем ба ҳам,
Дар Хуҷанду дар Ҳисору Моғиён.
Эй мусофир гом зан, сӯи ватан,
Аз дари оворагиҳои замон,
Ин диёр дар интизори пойи туст,
Ҷуз ба оғушаш намегирӣ амон.
Ин диёр аст, Тоҷикистони азиз,
Хиттае аз марзу буми Ориён.
Хонаи умеди дилҳост ин ватан,
Бар ҳама тоҷиктаборони ҷаҳон.
Аз барои ин ватан ҷон медиҳем,
Мо фидои ин ватан то ҷовидон!
?