Предыдущая публикация
Дур аз хоки Ватан овораву дар хоку чангам ман.
Дили оинаи манро шикаста пора бинмуданд,
Басонӣ шишае дар зиндагӣ дар зери сангам ман.
Зи бадгӯёну бадрӯёну аз худрафта безорам,
Ҳамеша дар талоши дидани рӯйи қашангам,ман.
Талоши рӯзӣ дорам луқмаи поке ба даст орам,
Ки марди пурталошу марди бо номусу нангам ман.
Ҳамеша менамоям такя бар Парвардигори худ,
Ба чашми каҷназарҳое агарчанде гарангам ман.
Ба монанди ту Маҳкампур тани танҳо будан хуб аст,
Зи рӯбоҳон гузар бояд намоям,чун палангам ман
✍️Ҷамшеди Маҳкампур.
24.05.2023.
Екатеринбург.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев