Предыдущая публикация
Боз як соли дигар пир шуданҳо табрик!
Аз рухи зиндагӣ дилгир шуданҳо табрик!
Бирасам ё нарасам то ба маҳу соли дигар,
Бо ҳамин фикр зи ҷон сер шуданҳо табрик!
Сол то сол, нигоро, ба ҷафову ситамат
Бар дили ошиқи худ тир шуданҳо табрик!
Эй, ки бо моли ҷаҳон саркашу мағрур будӣ,
Аз ҳамон қулла сарозер шуданҳо табрик!
Эй дило, баъди шикасту ба замин рехтанат,
Аз нигоҳе ҳама таъмир шуданҳо табрик!
Боз як соли дигар, соли дигар, эй Кӯҳзод,
Пиру фартуту асогир шуданҳо табрик!

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев