Мегӯӣ муҳим нест, аммо вақте исмашро мешунавӣ доғи дилат тоза мешавад. Мегӯӣ муҳим нест, аммо то ба ӯ фикр мекунӣ ашк дар чашмонат ҷамъ мешавад. Мегӯӣ муҳим нест, аммо дастатро рӯи рақамҳояш мегузорӣ занг бизанӣ ё назанӣ. Мегӯӣ муҳим нест, аммо боз ҳам дилат мехоҳад ӯро фикр кунӣ. Мегӯӣ муҳим нест, аммо дилат барои садояш, хандиданҳояш гум мезанад. Мегӯӣ муҳим нест, аммо то субҳ хобат намебарад, бо худат мегӯӣ алъон чи кор мекунад? Мегӯӣ муҳим нест, аммо медонӣ чи қадар муҳим аст. Медонӣ хеле дӯсташ дорӣ, медонӣ ошиқашӣ. Пас нагу муҳим нест. Бигӯ муҳим аст, аммо нест!