Свернуть поиск
Правая колонка
Зиндагӣ аз дидаҳо гоҳе шарораш мегирад,
Гоҳ аз мо обрӯю эътибораш мегирад.
Гоҳ бар кӯи шағолон меҳмонӣ мебарад,
Гоҳ аз мо орзуи навбаҳораш мегирад.
Гоҳ моро сокини шаҳри ғарибӣ мекунад,
Бо фишоре гоҳ аз мо иқтидораш мегирад.
Имтиҳони сахт дорад зиндагонӣ, гоҳ - гоҳ,
Ҳам қарору ҳам барору ғамбарораш мегирад.
Дӯстон асло натарсед, мушкил осон мешавад,
Ёр рӯзе аз раҳи мо сангу хораш мегирад.
Аз сари оне ки бо афтодане нашкаста буд,
Зиндагонӣ як замоне гирудораш мегирад.
Бахтовари Усмон. 02.02.2025

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев