Ифтор бо дӯстон.
Аз парешонӣ нигоҳ дорад Худо...
Ҷоми футболи “10-солагии хатмкунандагони 2014 ва ёдбуди ҳамсинфон” ҷамъбаст шуд
Дар қатори дигар соҳаҳои гуногуни кишвар тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумлаи умдатарин бахши сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи дигар, давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат мавзӯи солимии миллат, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз пеш мавқеъи хоса пайдо намуд.
Бояд гуфт, ки футбол яке аз мусобиқаи барои ҳама фарогир ба ҳисоб рафта, сокинони ноҳия низ ба ин намуди варзиш таваҷҷуҳи бештар доранд. Масалан, дар АХД “Сомониён”-и ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ҳамасола аз тарафи хатмкунандагони солҳои гуногуни мактаб ва дигар мухлисони ин риштаи варзиш мусобиқоти футбол ташкил
Ҷадвали мусобиқоти рӯзҳои 29 ва 30 декабр
ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК, "ХТМ-2014"!
Тими "ХТМ-2014" бозиҳои мавсимро бо ғалаба оғоз карда, ҳарифи худ - "ХТМ-2018"-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд.
Муаллифи голи аввали рақобат Солеҳов Давлатбек аз "ХТМ-2014" буда, қисмати аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб 1:0 ба анҷом расид. Дар қисмати дуюми рақобатҳо бо як пасти головари Муминов Раҳмуддин ҳуҷумкунандаи марказии "ХТМ-2014" Солеҳов Абдурозиқ тавонист голи навбатиро вориди дарвозаи ҳариф намуда, ҳисобро 2:0 кунад. Дар ин фурсат, бозингарони дастаи "ХТМ-2018" тавонистанд ба рӯйи худ ҳисобро кушода, рақобатро 2:1 намоянд. Аммо, Охунов Ҷамшед дар фурсати муносиб голи 3-юми тими "ХТМ-2014"-ро ба самар расонид.
Ҳамин тавр, то интиҳои бозӣ ҳисоб дигар т
Показать ещё