ХУМОРИ ВАТАН....
*****
Маро дил мешавад, ҳардам хуморӣ,
Биёям, андар оғӯши баҳорат.
Биёям, бӯсаборон боз созам,
Ҳамон хоки азизи зарнисорат.
Ватан, ҳардам дилам гум мезанад, гум,
Ба ёди теппаҳову кӯҳсорат.
Аҷаб буд, давраҳои кӯдакиам.,
Чунон хушбахт будам, дар канорат.
Дили садпораи ман дар ғами ту,
Шуда афгор надорад, ҳеҷ ҷасорат.
Бароям эй, Ватан, ин ҳам кофист,
Ба чашми дил туро дорам, назорат.
Куҷое, Иззати зори ту бошад,
Зи ҳарсц оядаш, аз ту башорат.

Иззати Хатлони.
19.04.2025.