ШОДБОШӢ Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Икромӣ Хуршед Икромро ба муносибати ҷашни зодрӯзи фархундаашон самимона аз номи кулли кормандони Марказ муборакбод гуфта, ба устод рӯзгори хушу осуда ва зиндагии бардавомро таманно дорем. Бигзор, ҳамеша сарбаланду хонаобод бошанд!
  • Класс
https://youtu.be/qlUaqYqOd7w Дар ин дарс ба Шумо Рустам НАЗАРЗОДА, сардори раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар бораи 1. Сомонаи расмии Марказ 2. Хизматрасонии “Пешномнависӣ” 3. Хизматрасонии “Худро бисанҷ" 4. Кабинети инфиродии довталаб 5. Хизматрасонии SMS - паёмакҳо маълумот медиҳанд.
СОМОНАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН СОМОНАҲОИ ИННОВАТСИОНӢ» АЗ РӮЙИ НОМИНАТСИЯИ «БЕҲТАРИН СОМОНАИ ИННОВАТСИОНИИ ИҶТИМОӢ» Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 2-юми сентябри соли 2021, № 519 дар бораи баргузории озмуни шаҳрии «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.ntc.tj) сазовори мақоми аввал дониста шуд. Ҷамъбасти озмун 22-уми ноябри соли 2021 дар кохи «Суруш» доир гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2011, № 643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электрон
Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 5‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 5‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.
  • Класс
Нашри нусхаи варақаи ҷавобҳои довталабон дар кабинетҳои инфиродӣ оғоз гардид. Варақаҳои ҷавобҳо вобаста ба ҳолати интиқол ба Марказ ва коркарди онҳо, дар кабинети инфиродии довталабон нашр карда мешаванд...
  • Класс
ММТ: ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲО Имрӯз, 1-уми июли соли 2021 дар 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шурӯъ гардид. Дар марҳалаи асосии имтиҳонҳо, 103429 нафар довталаб худро сабти ном карданд, ки аз инҳо 91504 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 11925 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) мебошанд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар рӯзи 1-уми июл 14261 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-р
ММТ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН МАРҲАЛАИ ОХИРИНРО ОҒОЗ КАРД: Имрӯз, 10-уми июн Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгириро барои хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2021, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, оғоз намуд. Нуқтаҳои бақайдгирии ин давр аз 10-ум то 30-юми июн танҳо дар ду муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе фаъол мебошанд: МТМУ № 70 ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15 ва МТМУ № 2
Показать ещё