Қиссаи "БИБИОТУНИ КОТИЛ"
Сафар-амак
ва Насиба-хола шаш
фарзандро бо риояи ҳама анъаноти
миллию мазҳабӣ ба воя расонида,
духтаронро бо обрӯйи муҳаммадӣ
ба шавҳар дода, ду писарро ба донишгоҳи олӣ дохил кардаН^д.
Азбаски калониҳо духтар буданд,
акнун модар дасттанҳоӣ мекашиду
писари кенҷаашон Аҳтамро ба
шӯъБ^аи рӯзона монда ва
бародараш Авазро ба шӯъбаи ғоибона гузаронидаю зА^н доданд.
Келин духтараки хубе баромаду
кори Насиба-холаро осон кард. Аваз
аз рӯйи ихтисосаш кор наёфта, ба
тиҷорат даст зада, муваффақ ҳам
шуд. Ривоҷи кори бародарро дида, Аҳтам низ ба шӯъбаи ғоибона
гузашта ба ӯ ҳамроҳ гашт.
Бародарони баномус дар як муддати
кӯтоҳ соҳиби пулу мол ва обрӯ
гаштанд.