Предыдущая публикация
Аз гӯшаи сармову хунук бар чаман оед.
Ҷаста зи қафас, лона гузорида ба ҳар кӯй,
Сӯи қафаси хеш чу як ҷону тан оед.
Ин кишвари зебову фиребо Ватани мост,
З-ин рӯ бишитобеду ба зудӣ ба ман оед.
Садпора бигаштед, ба ҳар гӯшаи дунё,
Аз Русияву кишвари Чину Хутан оед.
Ҷуйҳои равонгашта Шумо, бар дили дарё,
Аз Ҳинду Ҳироту Ҳамадону Адан оед.
Шоиру дабиред ва ё ҳар, кӣ набошед,
Бо шеъри тару фикри навину сухан оед.
Пайдост, ки ин ҳиҷрати мо ғафлати мо буд,
Бо дидаи бедор ба сӯи Ватан оед.
Гарди қадами пойи Шумо сурмаи чашмон,
Эй дурру ақиқи Ватанам, аз Яман оед!
Рози Алавӣ баҳри шумо ҳамватанонам,
Оре! ҳама сӯи Ватану анҷуман оед.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев