КӮДАКИ ТАРСУ ВА ҚАССОСГИР (ҚИСМИ 1)-
Боре рӯйи сабзаҳо ғелида, пораабрҳоеро, ки дар баҳри беканори осмон шино мекунанд, тамошо кардаед? Онҳо пеши назар гоҳе қуллаҳои осмонбӯси пурбарфро ҷилвагар месозанду дар як он ба селаи паррандагони қавибол табдил меёбанд. Гоҳе шакли шутури пурборро мегиранду оҳиста- оҳиста дар симои мӯйсафеди нуронии серришу фаш падид меоянд. Вақте лаҳзае нигоҳро аз ин лаҳзаи асроромез гурезонда, заминро наззора мекунед, шавқи тамошо дигарбора чашматонро ба сӯи осмон мекашад ва боваратон намеояд, ки аллакай пораабрҳо ба сурати қасри боҳашамате даромадаанд.
Аз дохили тайёра бошад, тамоман манзараи дигарро мебинед…
Кадоме аз ин манзараҳо воқеиянд? Муаммоест сарбаста! Ҳама гап ҳам сари ҳамин аст, ки мо ба олами воқеӣ чӣ гуна ва аз кадом зовия менигарем. Худованд ба мо доираи тафаккур ва тасаввуроти якранг ато накардааст, аз ин рӯ, мо олами атрофро ба таври худ дарк мекунем ва баҳо медиҳем.
Баъзан дар назди ҳазрати ақл ҳайрон мемонам: Чаро мо рафтору кирдори кӯдаки худро беасос ноҳақ мебарорем? Яктарафӣ ва ҳукми бепояи мо нисбати андеша ё ахлоқи кӯдак аз куҷо сар мезанад, ки гӯё «хуни ҷигар хӯрда» хулосаи «дурусту ҳаққонӣ» ва дар чорчӯбаи гунбади ақли худ шахшуда» -ро ба дӯши кӯдак бор мекунем? Вале сабаб чӣ бошад, ки ҳамаи ин амали худро ҳамчун қоидаи муқаррарӣ ҳақ мебарорему кӯдакро бо зулму тааддӣ зери ниқоби «тарбия» ба «роҳи рост» мекашем? Ва боз афсӯс ҳам мехӯрем: Кӯдакони мо шахшудаанду мустақилона амалеро ба сомон расонда наметавонанд.
Ҳамчун «муште аз хирвор» истинтоқҳои поёниро кадом кӯдаки тоҷик (ё падару модари ӯ) боре аз волидайн ё калонсолони хонаводаи худ «инъом» нагирифтааст:
- Гапи ман ба ту таъсир намекунад? Ин тавр бошад, бо химча адабатро медиҳам…
- Ҳаваси хондан (ё боғчаравӣ, ё кори дигар) надорӣ, пас аз хона дафъ шав!
Ва баъди ин гуна ултиматум масъала ҳатман «ҳалли худ» -ро меёбад, албатта, бе дилсиёҳӣ не!
Ё тасаввур кунед, ки модар (ё падар) фарзанди 5-6 солаи худро барои кадом як гуноҳаш (ҳарчанд кӯдак аллакай хатои худро пай бурда бошад ҳам) дар кунҷи хона рост намуда, бо ваҷоҳати ваҳмзо хашмгинона ба сараш дод мезанад. Ӯ аз худ дилпур аст, ки баъди ин тарсондан кӯдакаш дигар ҳаргиз қадами беҷое намегузорад. Вале кӯдак чӣ? Ӯ дар кадом хусус фикр мекунад? Аниқтараш дар қалби кӯчаку ҳанӯз беолоишаш тухми кинаву бадбинӣ ба нумуъ оғоз менамояд ва ё дар майнааш роҳи интиқом ситондан ба гардиш медарояд. Зеро баъди чунин намуди «тарбия» дар хотири кӯдак танҳо саҳнаи ба сараш додзаниву муштбардорӣ ва мисли даррандаи ваҳшӣ дандон тез кардани волидайн, мураббия ва омӯзгор нақш мебандаду бас!
Худатон иқрор шавед: тавассути чунин тарбия мо ҳақ дорем, кӯдакамонро таъна занем, ки ӯ ноӯҳдабаросту ҳунари мустақилона анҷом додани кореро надорад? Магар дуруст намебуд, ки барои кӯдак ҳамчун ҷазо ҷойи мушту лагаду тасмаву химча танбеҳе дигар таъйин намоем, то ибратомӯз бошад, на тақдирсӯз! Чунончӣ, ҷое хонда будам ё шунида, ки устод Лоиқ ҳамчун ҷазо дар ҳоли беадабие зоҳир кардан фарзандонашонро водор месохтаанд, то китобҳояшонро аз рафҳо гирифта, тоза намуда, бозпас ба ҷояшон гузоранд. Чӣ ҷазои одилонаву ҳикматандӯзест, ки ду фоида доштааст: ҳам китобҳо аз гарду чанг покиза мешаванд, ҳам дар рафти иҷрои «ҷазо» сухане, байте, ҷумлае дар ёди «адокунандаи ҷазо» боқӣ хоҳад монд. Охир, ҳарчанд дар урфият, барғалат «Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» мегӯянд, вале дар ягон замоне касе надидаасту нашунидааст, ки инсон аз зарби мушту лагад ё тундгӯиву дағалрафторӣ аққалан пӯст иваз карда бошад.
Шояд агар мо медонистем, ки кӯдак дар бораи чораҳои нисбати ӯ раво медидаамон чӣ андеша дорад, вазъияти ба сараш омадаро чӣ гуна дарк мекунаду шарҳ медиҳад, он гоҳ мо ба ҷаҳони ботинияш амиқтар фурӯ мерафтему бо ӯ «забон» ёфта метавонистем.
Боре писарбачаи мактабхоне ноадолатиҳои волидайнашро, ки дар вақташ ба ӯ раво дидаанд, ислоҳ карданӣ шуда, ба ман гуфт:
- Дадааму очаам ҳавсалаи гапи маро шунидан надоранд. Онҳо мегӯянд, ки мо паст гап мезанем ва бар замми ин, нимашро «мехӯрем»».
Биёед, беҳтараш пахтаро аз гӯшамон баркашему нидои дили худи кӯдаконро шунавем. Шояд ягон гуфтании муҳиме доранд?
Ин сӯҳбат бо кӯдакону наврасони синни 12 - 17 cолаи кишварамон, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ба шарти ваъдаи ифшо нагардидани ному насаб ва маҳалли иқомату муассисаи таълимияшон, сурат гирифтаааст. Ҳадаф дарки моҳияти масъала ва қазовати нидои дили онҳост, ки мағзи он ҳаволаи хонандаи гиромӣ мегардад.
Нодир, 13 – сола:
- Агар ман ҷои падарам мебудам, писари худро ҳеҷ гоҳ намезадам. Барои он ки аз зарби тасма кӯдакон аз будашон ҳам мбадтар мешаванд. Дар дилашон ҷои меҳр, кинаву қасос пайдо мешавад ва рафта- рафта онҳоро ба золимиву бераҳмӣ мерасонад. Ва ин хел падар ба кӣ даркор? Агар кӯдак гапнодаро бошад, ӯро задан шарт нест, ба вай фаҳмондан даркор. Шояд як-ду бори аввал вай нафаҳмад, аммо ба ӯ фаҳмондан лозим, ки рафтори хато ё ношоистаи содирнамудааш чӣ оқибат ва чӣ зарар дорад. Ана, чашми маро мушту лагади падарам чунон тарсондааст, ки натанҳо ба рӯи вай нигоҳ карда наметавонам, балки агар ягон чизро «ба ман деҳ» гуфта муроҷиат кунад ҳам, ҳинни ду – се қадам ба ӯ наздик шудан он чизи нозук ногаҳон аз дастам меафтаду мешиканад ва ман боз шатта мехӯраму гап мешунавам. Ҳатто бо ягон рафиқам гапамон гурезаду дастбагиребон шавем ҳам, аз зарбаи аввал ман худро бой медиҳам. Дар бораи мақсадамро ба падарам фаҳмондан бошад, ҳоҷати гуфтан ҳам нест. Ҳамаи мушкилоти худро ман бо миёнаравии модарам ба падарам мефаҳмонам. Шояд ҳамин хислатам бошад, ки апаам маро духтармиҷоз гуфта масхара мекунад…(давом дорад)
Нет комментариев