ПӮИШГАР, (ИСКАНЕР)
Пӯишгар-таҷҳизотест, ки барои нусхабардории ахборотҳои матнӣ ва графикӣ аз рӯи коғаз ба хотираи компютер дохил кардан хизмат мекунад. Бо ёрии сомонаҳовубарномаҳои махсус компютер метавонад рамзҳои матн ё унсурҳои расму графикҳои ба воситаи исканер дохил карда шударо шиносад ва кор карда барояд. Пӯишгарҳои ҳозиразамон ҳатто матнҳои дастнависро низ ба компютер дохил карда метавонанд. Барои аз коғаз ба компютер дохил намудани иттилоот исканер таҷҳизоти беҳамтост. Исканерҳо ба монанди дигар таҷҳизотҳо хеле гуногунанд: рӯймизӣ, барабанӣ, дастӣ, ранга, сиёҳу сафед ва ғайра мебошанд.