Дарси далелсанҷӣ (факт-чекинг) гузар ва шинохтани “фейк”- ро омӯз
    4 комментария
    11 likes
    Фейк| Эмомалӣ Раҳмон ба панҷгоникҳо қаср туҳфа кард Чанд рӯз аст миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо наворе паҳн мешавад, ки гӯё президенти кишвар ба панҷгоникҳо қаср туҳфа кардааст. Аз сабаби он ки иттилои расмие дар ин маврид набуд, мо ин хбари шубҳанокро санҷидем ва маълум шуд, ки “ФЕЙК” аст. Навор бо сарлавҳаи русии шикастаи “Рахмон Подарил Дворец Пятерняшки Малешам Из Таджикистана И Поздравил Семью” дар youtube-канали KHOLMATOV рӯзи 3-юми январ нашр шуда то бегоҳи 4-уми январ қариби 200 ҳазор маротиба тамошо шудааст. Матни видео аз Радиои “Озодӣ” гирифта шуда, онро зоҳиран роботи Google қироат мекунад. Ба ғайр аз сарлавҳа дар видео сухане дар бораи қасри туҳфашуда аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон намеравад. Дар ҳамин ҳол дар гузориши Радиои “Озодӣ” ва дар гузориши расонаҳои дигар низ иттилое аз туҳфаи президент нест. Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ба ҳукумати Қубодиён спориш дода шудааст, ба модари кӯдакон ва панҷгоникҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонида шавад. Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки рӯзи 1 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз хонаи Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён боздид намуд ва кумаки моодӣ расонида шуду дар ҳавляшон барои дугоникҳо аз ҳисоби ҳукумати Хатлон хона месозанд. “Зимни боздид раиси вилоят бо аҳли хонадон суҳбат намуда, ба онҳо ваъда доданд, ки дар ин ҳавлии онҳо, ки 16 садяк мебошад, дар як тарафи ҳавлӣ то аз таввалудхона ҷавоб шудани кӯдакон хонаи 4-ҳуҷраӣ бо шароити муносиб сохта медиҳанд. Инчунин ваъда доданд, ки пас аз рухсати шудани кӯдакон аз таваллудхона аз тарафи ҳукуматии Қубодиён барои нигоҳубини кӯдакон ва модар ҳам духтур ва ҳам ҳамшираи шафқат ҷудо карда мешавад ва нигоҳубини онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешавад”,- гуфтааст сухангӯйи раиси вилояти Хатлон. Модари панҷгоникҳо дар сӯҳбати “Азия-Плюс” барои кумакҳо изҳори миннатдорӣ кардааст, вале гуфтааст, ҷойи пул барои таъмири хона як хона ҷудогона бидиҳанд хубтар аст. “Зеро вазъи зиндагиям хуб нест ва дар як ҳавлии хурд бо зани ҳеварам якҷоя зиндагӣ мекунем”,- гуфтааст ӯ. Ёдовар мешавем, ки Дилноза Мамадова, сокини ноҳияи Қубодиён, дар арафаи Соли нав дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ панҷгоник ба дунё овард. Дар Тоҷикистон таваллуди сегоникҳову чоргоникҳо то ин вақт бисёр сабт шудааст, аммо бори нахуст аст, панҷгоникҳо таваллуд шуданд. Аз Вазоратӣ тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки вазъи тифлони навзод муътадил буда таҳти назорат қарор доранд. Модари ин фарзандон ду моҳ таҳти назорати табибон буд ва 20 рӯзи охир дар таваллудхона қарор дошт. Ин ниҳод мегӯяд, ки ӯ 1 моҳи дигар таҳти назорат мемонад. Панҷгоникҳоро Ҳасану Ҳусейн ва Фотимаву зуҳрову Хадича ном мондаанд.
    110 комментария
    150 likes
    Пештар мо дар бораи ғалоғулаи иттилоотӣ (информационный шум) маълумот дода будем. Имруз дар бораи роҳҳои мубориза ғалоғулаи иттилоотӣ маслиҳатҳо медиҳем. Маслиҳати аосӣ Шумо бояд фаҳмед, ки наметавонед ҳама чизро донед ва наметавонед ҳама чизро пайгирӣ кунед. Мағзи сари инсон компютер нест. Бояд доираи маълумотро вобаста ба марҳилаи кунунии зиндагӣ кам кунед. Истифодаи интернетро маҳдуд кунед Мушкили асосӣ шабакаҳои иҷтимоиянд. Бояд донед, ки маҳз ин шабакаҳо яке аз манбаъҳои асосии ғалоғулаи иттилоттӣ дар сари шумо мебошанд. Ун қадар маълумоти бефоидае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, дигар ягон манӣаи дигар надоранд. Масалан, писандидан, суратҳо, иқтибосҳо, матнҳо, шарҳҳо, озмунҳо, хабарҳои бемақсад бо миқдори зиёд. Истифодаи интернетро то 1 соат дар шабонарӯз кам кунед, саҳифаи шабакаи иҷтимоиро полоед (филтр кунед), танҳо дӯстони наздик ва гурӯҳҳои лозимаро гузоред ва аз нолозимаашон даст кашед. Аз тамошои телевизион даст кашед Маслиҳати оддӣ: телевизионро аз зиндагиатон дур кунед. Бовар кунед шумо ҳеҷ чиро аз даст намедиҳед. Шумо метавонед танҳо маълумоти лозимааатонро аз интернет ва дигар сарчашмаҳо дастрас кунед, шарт нест, ки ҳама барномаҳои телевизиониро пайдарҳам тамошо кунедю Радиоро интихоб кунед Шабакаи радио ва барномаҳои радиоиро мувофиқи соҳаи фаъолиятатон интихоб кунед. Танҳо барномаҳоеро гӯш кунед, ки ба шумо фоидаовар ҳастанд. Ҳатто шумо метавонед радиоро бо китобҳои аудиоӣ, подкастҳо ва мусиқиҳои писандидаатон иваз кунед. Рӯзҳои оромӣ эълон кунед Баъзан аз иттилоот истироҳат кунед: сайругашт кунед, аз шаҳр берун равед, вақти холиро ба машғулияти дӯстдоштаатон сарф кунед, ё хоб кунед. Дар ин рӯзҳо ҳаҷми иттилооти воридотиро то 0 расонед. Китоб хонед Маслиҳати одди дигар дар роҳи муборизаи ғалоғулаи интернетӣ хондани китобҳои муфид аст. Аммо китобро бояд дар муҳити оромӣ хонд, то хотираи шумо хуб кор кунад, маълумотро ҳазм карда тавонед. Иттилоотро шиносед Тавре гуфтем шумо наметавонед ҳама иттилоотро фаро гирифтаву ҳазм карда бошед. Барои ҳамин ба худ рӯйхати иттилооти асоси аз рӯйи кору фаъолиятон муайян кунед ва маҳз онҳоро дар ҳама сарчашмаҳо пайгирӣ кунед. Сарчашмаи ғалоғулаи иттилоотӣ нашавед Ва аз ҳама муҳим кӯшиш кунед худатон сарчашмаи ғалоғула нашавед: аз навиштани шарҳҳои бемақсад дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фиристодани чунин номаҳо, гузоштани сурату видеоҳои бисёр худдорӣ кунед.
    6 комментария
    37 likes
    Олимон дар тадқиқоти гузаронидаи худ исбот кардаанд, ки телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси депрессия мешаванд, аммо бозиҳои видеоӣ не. Онҳо ба чунин натиҷа баъд аз тадқиқи рафтори якчанд ҳазор ҷавонон омадаанд. Муддати тӯлонии истифодаи смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нишонаҳои депрессия оварда мерасонад. Дар ин бора нашрияи канадагии CBC бо истинод ба тадқиқоте менависад, ки дар беморхонаи Сен-Жустин (Монреаль) гузаронида шудааст. Олимон рафтори 3800 наврасро дар давраи солҳои 2012 ва 2018 омӯхтаанд, ки аз 31 мактаби Монреаль ҷалб шуда буданд. Олимон рафтор ва саломатии онҳоро аз синфҳои 7 то 11 назорат мекарданд. Хонандагон ҳар ҳафта гузориш медоданд, ки чанд соати вақташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои видеоӣ ва тамошои телевизор сарф кардаанд. Дар натиҷа, нишонаҳои депрессия дар ҷавононе ёфт шуданд, ки нисбат ба ҳамсолони худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион бештар вақташонро мгузарониданд. Аз ҷумла, "афзоиши нишонаҳои депрессия бо фаъолият дар платформаҳо, аз қабили Instagram алоқаманд аст, ки дар он ҷо наврасон ҳаёти худро бо расмҳои зебои медидаашон муқоиса мекунанд." Муҳаққиқон инчунин таҳлил карданд, ки оё шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд "вақтеро, ки кӯдакон дар акси ҳол ба дигар корҳое, ки нишонаҳои депрессияро кам мекунанд, сарф кунанд. Дар натиҷа, ин фарзия рад шудааст. Аҷибаш он аст, ки соатҳои сарфкардаи наврасон дар бозиҳои видеоӣ онҳоро ба депрессия оварда намерасониданд. "Муҳаққиқон пешниҳод мекунанд, ки геймерҳо дар маҷмӯъ аз ҷомеа ҷудо нестанд, бо назардошти он, ки 70%-и онҳо асосан бо одамони дигар - онлайн ё мустақим бозӣ мекарданд", - менависад CBC. Олимон дар тадқиқоти гузаронидаи худ исбот кардаанд, ки телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси депрессия мешаванд, аммо бозиҳои видеоӣ не. Онҳо ба чунин натиҷа баъд аз тадқиқи рафтори якчанд ҳазор ҷавонон омадаанд. Муддати тӯлонии истифодаи смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нишонаҳои депрессия оварда мерасонад. Дар ин бора нашрияи канадагии CBC бо истинод ба тадқиқоте менависад, ки дар беморхонаи Сен-Жустин (Монреаль) гузаронида шудааст. Олимон рафтори 3800 наврасро дар давраи солҳои 2012 ва 2018 омӯхтаанд, ки аз 31 мактаби Монреаль ҷалб шуда буданд. Олимон рафтор ва саломатии онҳоро аз синфҳои 7 то 11 назорат мекарданд. Хонандагон ҳар ҳафта гузориш медоданд, ки чанд соати вақташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои видеоӣ ва тамошои телевизор сарф кардаанд. Дар натиҷа, нишонаҳои депрессия дар ҷавононе ёфт шуданд, ки нисбат ба ҳамсолони худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион бештар вақташонро мгузарониданд. Аз ҷумла, "афзоиши нишонаҳои депрессия бо фаъолият дар платформаҳо, аз қабили Instagram алоқаманд аст, ки дар он ҷо наврасон ҳаёти худро бо расмҳои зебои медидаашон муқоиса мекунанд." Муҳаққиқон инчунин таҳлил карданд, ки оё шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд "вақтеро, ки кӯдакон дар акси ҳол ба дигар корҳое, ки нишонаҳои депрессияро кам мекунанд, сарф кунанд. Дар натиҷа, ин фарзия рад шудааст. Аҷибаш он аст, ки соатҳои сарфкардаи наврасон дар бозиҳои видеоӣ онҳоро ба депрессия оварда намерасониданд. "Муҳаққиқон пешниҳод мекунанд, ки геймерҳо дар маҷмӯъ аз ҷомеа ҷудо нестанд, бо назардошти он, ки 70%-и онҳо асосан бо одамони дигар - онлайн ё мустақим бозӣ мекарданд", - менависад CBC. Олимон дар тадқиқоти гузаронидаи худ исбот кардаанд, ки телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси депрессия мешаванд, аммо бозиҳои видеоӣ не. Онҳо ба чунин натиҷа баъд аз тадқиқи рафтори якчанд ҳазор ҷавонон омадаанд. Муддати тӯлонии истифодаи смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нишонаҳои депрессия оварда мерасонад. Дар ин бора нашрияи канадагии CBC бо истинод ба тадқиқоте менависад, ки дар беморхонаи Сен-Жустин (Монреаль) гузаронида шудааст. Олимон рафтори 3800 наврасро дар давраи солҳои 2012 ва 2018 омӯхтаанд, ки аз 31 мактаби Монреаль ҷалб шуда буданд. Олимон рафтор ва саломатии онҳоро аз синфҳои 7 то 11 назорат мекарданд. Хонандагон ҳар ҳафта гузориш медоданд, ки чанд соати вақташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои видеоӣ ва тамошои телевизор сарф кардаанд. Дар натиҷа, нишонаҳои депрессия дар ҷавононе ёфт шуданд, ки нисбат ба ҳамсолони худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион бештар вақташонро мгузарониданд. Аз ҷумла, "афзоиши нишонаҳои депрессия бо фаъолият дар платформаҳо, аз қабили Instagram алоқаманд аст, ки дар он ҷо наврасон ҳаёти худро бо расмҳои зебои медидаашон муқоиса мекунанд." Муҳаққиқон инчунин таҳлил карданд, ки оё шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд "вақтеро, ки кӯдакон дар акси ҳол ба дигар корҳое, ки нишонаҳои депрессияро кам мекунанд, сарф кунанд. Дар натиҷа, ин фарзия рад шудааст. Аҷибаш он аст, ки соатҳои сарфкардаи наврасон дар бозиҳои видеоӣ онҳоро ба депрессия оварда намерасониданд. "Муҳаққиқон пешниҳод мекунанд, ки геймерҳо дар маҷмӯъ аз ҷомеа ҷудо нестанд, бо назардошти он, ки 70%-и онҳо асосан бо одамони дигар - онлайн ё мустақим бозӣ мекарданд", - менависад CBC. Олимон дар тадқиқоти гузаронидаи худ исбот кардаанд, ки телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси депрессия мешаванд, аммо бозиҳои видеоӣ не. Онҳо ба чунин натиҷа баъд аз тадқиқи рафтори якчанд ҳазор ҷавонон омадаанд. Муддати тӯлонии истифодаи смартфонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба нишонаҳои депрессия оварда мерасонад. Дар ин бора нашрияи канадагии CBC бо истинод ба тадқиқоте менависад, ки дар беморхонаи Сен-Жустин (Монреаль) гузаронида шудааст. Олимон рафтори 3800 наврасро дар давраи солҳои 2012 ва 2018 омӯхтаанд, ки аз 31 мактаби Монреаль ҷалб шуда буданд. Олимон рафтор ва саломатии онҳоро аз синфҳои 7 то 11 назорат мекарданд. Хонандагон ҳар ҳафта гузориш медоданд, ки чанд соати вақташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои видеоӣ ва тамошои телевизор сарф кардаанд. Дар натиҷа, нишонаҳои депрессия дар ҷавононе ёфт шуданд, ки нисбат ба ҳамсолони худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион бештар вақташонро мгузарониданд. Аз ҷумла, "афзоиши нишонаҳои депрессия бо фаъолият дар платформаҳо, аз қабили Instagram алоқаманд аст, ки дар он ҷо наврасон ҳаёти худро бо расмҳои зебои медидаашон муқоиса мекунанд." Муҳаққиқон инчунин таҳлил карданд, ки оё шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд "вақтеро, ки кӯдакон дар акси ҳол ба дигар корҳое, ки нишонаҳои депрессияро кам мекунанд, сарф кунанд. Дар натиҷа, ин фарзия рад шудааст. Аҷибаш он аст, ки соатҳои сарфкардаи наврасон дар бозиҳои видеоӣ онҳоро ба депрессия оварда намерасониданд. "Муҳаққиқон пешниҳод мекунанд, ки геймерҳо дар маҷмӯъ аз ҷомеа ҷудо нестанд, бо назардошти он, ки 70%-и онҳо асосан бо одамони дигар - онлайн ё мустақим бозӣ мекарданд", - менависад CBC.
    23 комментария
    17 likes
    Агар бо забони содда гӯем “Медиабулимия” ин истифодаи маълумоти аз ҳад зиёд - монанди пурхӯрӣ аст. Ё истифодаи зиёди маълумот бидуни аҳамият додан ба мундариҷаи он ва ҳазм кардани он. Дар ин ҳолат иттилооти нав хуб ҳазм намешавад ва шахс эҳтимолан хеле хашмгин ва манфӣ мешавад. Дар аксар ҳолат наврасон ба ин “беморӣ” гирифтор мешаванд. Аз сабаби фаровонии ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ ва мавҷудияти манбаъҳои гуногуни иттилооти зарурӣ ва на он қадар зарур. Дар ҷаҳони мо маълумот аз ҳад зиёд аст. Ҳамарӯза ба интернет 2,5 миллион байт маълумот партофта мешавад ва ин хеле зиёд аст. Ҳамин тавр, мағзи мо ҳар рӯз мекӯшад, ки маълумоти бештарро азхуд кунад: ахбор, шабакаҳои иҷтимоӣ, сӯҳбатҳо, таблиғҳо, аломатҳо дар кӯча ва ғайра. Ҳамин ки шумо бедор шудед, чӣ кор мекунед? Смартфони худро гирифта шабакаҳои иҷтимоиро варақ мезанед? То чӣ қадар вақт шумо бидуни шабакаҳои иҷтимоӣ кор карда метавонед? На бештар аз ним соат? Оё шумо ягон бор худро хаста ва асабонӣ ҳис мекунед? Муддатҳои дароз тамаркузи рӯйи чизҳои муҳим бароятон мушкил аст? Ин ҳама ба сабаби истифодаи аз ҳад зиёди иттилоот аст. Метавон гуфт шумо низ “бемор” ҳастед. Пас кӯшиш кунед аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сарчашмаҳои иттилооти нолозим даст кашед, ё ақалан аз гурӯҳҳои нолозим дар шабакаҳои иҷтимоӣ хориҷ шавед. Кӯшиш накунед ҳама маълумотро дастрас кунед, мағзи сари шумо имкони инро надорад. Вобаста ба самти кору фаъолият ва омӯзиш рӯйхати сарчашмаҳои иттилоот ё мавзӯъҳои муайянро тартиб диҳед ва танҳо он иттилоотро пайгирӣ кунед. Ба истифодаи бемақсади интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тамошои телевизион ва гӯш кардани радио хотима диҳед. Гоҳ-гоҳ кӯшиш кунед парҳези иттилоотӣ кунед ва ба сайругашт машғул шавед!
    10 комментария
    34 likes
    Рӯз то рӯз хабарҳои шикастани вебкамераҳо аз ҷониби хакерҳо ва пахши аксҳои қурбониёни ногаҳонӣ дар Интернет зиёд шуда истодаанд. Дар баъзе ҳолат лозим нест, ки ба компютери фардии Шумо вирус ворид кунанд, чун бештари камераҳо худ қобилияти истодагарӣ ба хакерҳоро надоранд. Ҳатто Марк Cукерберг ва Ҷеймс Коми, директори собиқи ФБР, воқеияти шикастани вебкамераҳоро аз ҷониби хакерон эътироф кардаанд. Бадхоҳон метавонанд бидуни огоҳӣ ва фаъол кардани чароғак дар дастгоҳи Шумо камераро фаъол кунанд. Намехоҳед вебкамераро дар дастгоҳатон ба таври доимӣ хомӯш созед? Аммо ҳамчунин намехоҳед, ки нафарони бадхоҳ оила ё фарзандони шуморо ҷосусӣ кунанд? Барои ин мо ба шумо роҳи осони муҳофизат аз ҳакерҳоро бе хомӯш кардани вебкамера пешниҳод менамоем! Барои ин ба Шумо барномаҳои антивирусӣ кӯмак мекунанд. Яке аз антивирусҳои ройгон - Avast Premium Security Antivirus дорои функсияи муҳофизатии вебкамера мебошад. Барнома фавран шуморо ҳангоми кӯшиши фаъол кардани веб-камера аз ҷониби бадхоҳон огоҳ мекунад. Муҳофизати веб-камера назорати осонро аз болои танзимот фароҳам меорад. Масалан, дар ҳама ҳолатҳо, ҳамаи замимаҳо (ҳатто барномаҳои санҷидашуда) барои фаъол кардани вебкамера аз шумо иҷозат мепурсанд. Ягон барнома вебкамераро бе огоҳии шумо истифода карда наметавонад.
    1 комментарий
    64 likes
    Тибқи пурсиши Ассотсиатсияи Равоншиносони Амрико, беш аз сеяки пурсидашудагон бовар доранд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба солимии рӯҳии онҳо зарар доранд. Танҳо 5%-и пурсидашудагон гуфтаанд, ки истифодаи он ба руҳияи инсон таъсири мусбат мерасонад. 45% -и дигар истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ҳам зараровар ва ҳам фоидаовар арзёбӣ кардаанд. Мо чанд омилҳоро ҷамъоварӣ кардем, ки бо риоя кардани онҳо ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ - ба солимии руҳи шумо таъсири камтар мерасонад. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро маҳдуд кунед Зиёд истифода кардани шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба кор ва муносибатҳои шахсии Шумо халал расонад. Ба истифодаи шабакаҳо вақти муайянро ҷудо карда, барои суҳбат бо наздикон вақти бештар ҷудо намоед. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми хӯроки муштарак бо оила ё дӯстон, ҳангоми бозӣ бо кӯдакон ва ё сӯҳбат бо наздиконатон, саҳифаи худро дар шабкаҳои иҷтимоӣ тафтиш накунед. Аз парҳези рақамӣ истифода кунед Парҳези рақамӣ – танафуси шахс дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ. Чанд таҳқиқот нишон доданд, ки тарк кардани Facebook ҳатто ба муддати панҷ рӯз ё як ҳафта метавонад боиси кам шудани стресс ва афзоиши лаззати зиндагӣ гардад. Ҳамин тавр, як таҳқиқоти дигар нишон дод, ки парҳез аз истифодаи Facebook, Instagram ва Snapchat барои 10 дақиқа дар як рӯз барои се ҳафта аллакай таъсири мусбати худро мерасонад. Ин коҳиш ёфтани ҳисси танҳоӣ ва депрессияро ба вуҷуд меорад. Ба ҳиссиёти худ диққат диҳед Ҳиссиёти худро санҷед. Дар вақтҳои гуногуни рӯз ба шабакаҳои иҷтимоии писандидаатон ворид шавед ва баҳо диҳед, ки он ба шумо чӣ таъсир мерасонад. Масалан, шумо метавонед пай баред, ки дар давоми рӯз истифодаи кутоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ рӯҳияи шуморо болида мекунанд. Агар шумо ҳис кунед, ки пас аз истифодаи Facebook то нимашаб, рӯзи дигар худро хаста ва ғамгин эҳсос мекунед, беҳтар аст, ки аз истифодаи он то бевақтии шаб даст кашед. Тадқиқоти охирин нишон дод, ки корбароне, ки матлабҳои дӯстони худро дар Фейсбук мехонанду зиндагии худро бо онҳо муқоиса мекунанд, дар худ эҳсосоти манфиро бедор мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоиро мақсаднок истифода кунед Вақти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар смартфон ё компютер ба худ суол диҳед: "Чаро ман ҳозир ин корро карда истодаам?”. Вақте ба ягон хабар ё мукотиба бо нафаре ниёз пайдо мекунед ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шавед,. Шабакаҳои иҷтимоӣ бояд барои мақсадҳои муайян истифода шаванд. Шумораи саҳифаҳои обунашудаатонро назорат кунед Шояд Шумо замони истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, якчанд дӯстони интернетӣ пайдо кардед ва ба бисёр каналҳо ва манбаъҳои хабарӣ обуна шудаед. Матолиби баъзе аз саҳифа ё гуруҳҳои обунашудаатон то ҳол бароятон ҷолиб аст. Аммо баъзе саҳифаҳо ба ҳолати руҳии шумо таъсир мерасонанд. Аз обунаи каналҳо ва корбарони нолозим дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашед.
    0 комментария
    2 likes
    Google, Facebook ва дигар платформаҳои интернетӣ акнун бояд ба буҷаи Тоҷикистон 18% андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд. Ин чӣ андоз аст, аз кӣ ситонида мешавад ва барои корбарони оддии интернет чӣ тағйир хоҳад ёфт - дар маводи мо. 1. «Андоз аз Google» – чист? «Андоз аз Google» – номи шартии андозбандии хизматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ аст, ки дар кишвар намояндагии расмь надоранд. Бо забони оддӣ ин андоз аз арзиши иловашуда аст, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ситонида мешавад. 2. Ин танҳо ба Google дахл дорад? Не. «Андоз аз Google» ба ҳама ширкатҳои IT-и хориҷӣ татбиқ хоҳад шуд. Яъне шахсони хориҷӣ, ки мустақиман дар қаламрави Тоҷикистон хидматҳои электронӣ мерасонанд, андозсупорандагон эътироф карда мешаванд. 3. Кадом рӯйхати хизматрасониҳои электронӣ дохил карда шудааст? Хизматрасониҳои электронӣ аз фурӯши китобҳои электронӣ ва дигар файлҳои медиавии электронӣ (мундариҷаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқҳо барои истифодаи барномаҳо, таблиғ, дастгирии сайт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот, омор, домен ва хостинг, дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, соҳаи IT ва ғайра иборатанд. Яъне ҳамаи ин хизматрасониҳое, ки тавассути Интернет пешниҳод карда мешаванд. 4. Барои истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон чӣ тағйир меёбад? Ба истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ надорад. Аз ҷониби мақомотҳои андоз аз истифодабарандагони интернет талаб карда намешавад, ки маблағи иловагӣ супоранд. «Андоз аз Google» андози ғайримустақим, ки ширкатҳои ғайрирезидентҳои хориҷӣ (ё агентҳои андоз) барои пешниҳоди хаизматрасониҳои электронӣ пардохт мекунанд. 5. Оё ин ба арзиши интернет дар кишвар таъсир хоҳад гузошт? Не! Ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба арзиши интернет дар кишвар таъсир намерасонад. 6. Оё ин андоз ба интернет-мағозаҳо дахл дорад? Чӣ тавре ки дар тағиротҳо гуфта шудааст, агар интиқоли молҳои (корҳо ва хизматрасониҳои) фармоишӣ тариқи интернет бидуни истифодаи интернет тавассути нуқтаҳои гумрукӣ сурат гирад, пас ин хидмати электронӣ ҳисобида намешавад ва андозбандӣ намешавад. Яъне, агар мағозаи интернетӣ дар хориҷа, масалан, "молҳои ҷисмонӣ" мефурӯшад ва молҳо аз гумруки Тоҷикистон мегузаранд, пас "андози Google" ситонида намешавад - ҳамаи пардохтҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ пардохта мешаванд. «Андоз аз Google» ба интернет-мағозаҳои ватанӣ вобастагӣ надорад. Агар интернет-мағозаҳои ватанӣ дар мақомоти андоз ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта бошанд, пас онҳо тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда андоз месупоранд.
    2 комментария
    13 likes
    Барои таблиғи бомуваффақияти тиҷорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушодани саҳифа ва нашр кардани маводҳои ҷолиб кофӣ нест. Истифодаи барномаҳои муосир, ки барои пешбурди SMM равона шудаанд ва барои диққатҷалбкунанда шудани саҳифаи Шумо ва ҳамчунин омӯзиши омори он кӯмак мекунанд. Мо 10 барномаро барои кормандони SMM пешниҳод мекунем, ки барои осон кардани корашон кӯмак мекунанд. Keyhole Keyhole барномаи ройгон буда таҳлили хештегҳо, калимаҳои калидӣ ва саҳифаҳоро пешниҳод менамояд. Он хэштегҳо ва калимаҳои калидӣ, шумораи кликҳо, паёмҳо, шумораи паҳнкардан ва ғайраро нишон медиҳад. Дар Тwitter, Instagram ва Facebook барнома ба шумо имкон медиҳад, ки омори ҷалби аудитория ва саҳифаи рақибонро пайгирӣ намоед. HYPEAUDITOR Боз як барномаи муфиди ройгони SMM, ки оморро дар саҳифа нишон медиҳад ва ба шумо дар интихоби мавзӯъ кӯмак мекунад. Он бо истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ кор мекунад, ки таҳлилро дақиқ ва нишондиҳанда омода месозад. INSTAPLUS СЕРВИС Барномаи бисёрфунксионалии SMM барои инстаграм. Он ба таври худкор маълумот барои таблиғ тавассути хештегҳо, ҷуғрофӣ ва муштариёнро ҷамъоварӣ мекунад. MINTER Таҳлили саҳифаи Instagram барои оҷонсиҳо ва корхонаҳо. Идоракунии якчанд саҳифаҳо, гурӯҳҳо, пайгирии рақибон, ҳисобот ва содироти маълумотро пешниҳод мекунад. BUFFER Барномаи муносиб барои ба нақшагирии нашри маводҳо. Ба шумо имкони тартиби рӯйхати маводҳои нашршаванда, хештегҳо ва пайвасти пайванд дар био бо якчанд суроғаҳо, идоракунии якчанд саҳифаҳо дар дохили як шабакаро медиҳад. Ҳамзамон, барнома шабакаҳои иҷтимоиро таҳлил намуда, ҳисоботро дар шакли графикӣ тартиб медиҳад ва омори ҳар як матлабро ба алоҳидагӣ нишон медиҳад. PARASITE Барномаи осон ва хуб барои банақшагирии постҳои мавқуфгузошташуда дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Барнома имкониятҳои васеъро барои SMM дар Instagram пешниҳод мекунад. HOOTSUITE Иртибот бо мизоҷон, тарғиби кори дастаҷамъона, банақшагирӣ матлабҳо тавассути барномаи Hootsuite имконпазир аст. Хизматрасонӣ тақвимро барои ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нашри маводҳоро пешниҳод мекунад. CANVA Яке аз беҳтарин барномаҳо барои сохтани макетҳо, расмҳо, постерҳо, инфографика ва ғайра дар интернет аст. Версияи ройгони барнома дар ҳар як мавзӯъ, шумораи муайяни қолабҳоро пешниҳод мекунад. PEXELS Барнома аксҳои ройгони ғайриоддиро пешниҳод мекунад. Дар он бисёр аксҳои ҷолиб мавҷуданд, ки онҳоро дар нашрияи тиҷоратӣ низ метавон истифода бурд. UNSPLASH Боз як барномаи ройгон бо аксҳои ғайриоддӣ. Ҳатто дар он баъзан аксҳо аз рӯи мавзӯъҳо гурӯҳбандӣ карда шудаанд.
    4 комментария
    13 likes
    Мо миқдори зиёди маълумотро дар смартфони худ нигоҳ медорем. Табиист, ки намехоҳем касе ба ин маълумот дастрасӣ пайдо кунад. Аз ин рӯ, бояд дар бораи бехатарии дастгоҳи худ фикр кунем. Додани ягон маслиҳати универсалӣ душвор аст, зеро смартфонҳо аз якдигар хеле фарқ мекунанд. Аммо мушовири амнияти рақамӣ Сергей Смирнов рӯйхати қадамҳои аввалини ҳифзи маълумот дар смартфонро тартиб додааст. Инҳо дастурҳои оддитарин мебошанд, ки ба шумо барои зуд бехатар кардани смартфонатон кӯмак мерасонанд: - таърихи зангҳо, SMS, паёмҳои электронӣ, паёмҳои мессенҷерҳо, ёддоштҳо, ва браузерҳоятонро аз маълумоти нолозим пок кунед; - Ҳама аксҳо ва видеоҳоро аз смартфони худ ба ҷойи бехатар интиқол диҳед; - Нусхаи эҳтиётии маълумот (резервная копия данных) созед; - Барои муошират аз мессенҷери нисбатан эмин бо рамзгузории ниҳоӣ истифода баред, на SMS; - Бовар ҳосил кунед, ки дастгоҳ рамзгузорӣ (шифрование) шудааст; - Қулфи муҳофизати экранро тарици рамз - парол фаъол созед; - Ҳамеша бо худ зарядник гиред ва смартфонатонро дар ҷойҳои бегона ба заряд намонед, махсусан ба воситаи компютери шахсони бегона; - Смартфони худро беназорат нагузоред ва ба одамони дигар надиҳед; - Агар имкон бошад, ба худ дастгоҳи ивазкунанда – телефони корӣ харед ва телефони шахсиатонро барои кор истифода набаред; - Ҷустуҷӯйи телефон ба воситаи Google ва дигар хидматрасониҳоро фаъол кунед. Ин қадам ба шумо дар ёфтани смарфон ё пок кардани хотираи он ҳангоми гум кардан кӯмак мекунад;
    2 комментария
    30 likes
Show more