Агар даъво кунӣ, ки туро аз ёд бурдаам ман, Бидон ки фаромуширо фаромӯш кардаам. Масти атри ёдат ҳама ҷо гаштаам ин ки, Чун замоне ҷуръае аз лаби ту нӯш кардаам. Имрӯз ситораро боз фиреб додам, ки рӯз аст, ӯ низ ғафлатзада чеҳра ба ман намоён кард. Аз васли ману ситора хуршеди баҳор, Як шӯру валавала бапой дар ҷаҳон кард.!!..
  • Класс
585220394011

МЕХРОБ 97 97

Ту боши аввалин ёрам ҳамеша , Ту боши дар дили зорам ҳамеша , Тамоми умр боши дар канорам , Таманно аз Худо дорам ҳамеша ,
585220394011

МЕХРОБ 97 97

Лаби дарё нишастам оби соф буд , На донистам ки ёрам бе вафо буд , Бигуфтам рози дилро бахри дарё , Вале дарё равон буду равон буд , Лаби дарё нишанам ман парешон , Ба мисли оби дарё ме равад чон , Лаби дарё нишину ёди ман кун , Хамон рузе ки ме гарди пушаймон , 🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷
Шахсе ба худ гуфт, ки субҳ, нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд , бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Маълум шуд, ки ин шахси садақа гирифта бисёр сарватманд будааст. Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Дар хоб дид, ки Худованди Мутаъол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд. Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекар
Показать ещё