﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added June 21 at 06:23
#заношӯӣ Одоби оиладорӣ...!!! Вазоифи зан ва шавҳар нисбат ба якдигар... Хонавода хишти аввали ҷомеъа ҳаст, ки агар ислоҳ шавад тамоми ҷомеъа ислоҳ мешавад, ва агар фосид шавад, тамоми ҷомеъа фосид мешавад. Барои ҳамин ҳам Ислом таваҷҷуҳи зиёде ба хонавода карда аст ва бар зану мард чизҳоеро воҷиб намудааст, ки саломат ва саодати онҳоро таъмин мекунад. Бинобар ин Ислом хонаводаро ҳамчун муассисае медонад, ки ду нафар (зан ва мард) дар он шарокат доранд ва мард масъулияти онро бар уҳда до
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added January 18 at 14:49
#заношӯӣ Барои ҷавон писарон ва ҷавон духтарон. Одоби ҳамхобагӣ. бо ҳамсар пас аз издивоҷ Дар ин мақолаи кучак хулосаи одоби ҳамхобагии зану шавҳарро пас аз издивоҷ аз дидгоҳи дини муқаддаси ислом баён мекунем, то завҷайн ҳангоми издивоҷ ва пас аз он ин аҳкому одобро риоя кунанд. Мустаҳаб аст, ки домод бо ҳамасараш мулотафат кунад. Масалан вақте, ки бори аввал бо у якҷоя ва хилват мешавад ба вай шарбат ё ширинӣ ва монанди он бидиҳад. Дар ин маврид ҳадисе ривоят шудааст, ки Асмоа духтари
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added December 27 2019 at 17:08
#ҳиҷоб * Даҳ насиҳат барои хоҳаронам * Яке аз Занони бузургвори Ислом вақте ки Духтарашро ба хонаи бахт мебурданд Ӯро чунин насиҳату васият намуд : " Эй Духтарам васият ёдоварӣ аст барои Оқил ва кӯмаке аст барои Ғофил . Бидон ки Занонро барои Мардон халқ кардаанд ва Мардонро ҳам барои Занон халқ намудаанд . Пас Эй Духтарам агар дуст дори ки муъоширати байни Туву Шавҳарат давом ёбад Ту барои Ӯ нақши Канизро дошта бош то Ӯ Ғуломи Ту гардад ва Ту барои Ӯ Замин бош то Ӯ барои Ту Осмон г
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added September 24 2019 at 14:18
ﺑِﺴْـــــــــــــﻢِ ﺍﻟﻠﻪِ ﺍﻟﺮَّﺣْﻤَﻦِ ﺍﻟﺮَّﺣِـــــــــــــﻴﻢ Парвардигоро, тавфиқам бидеҳ, то шукри ҳар ҳар неъмататро, ки бароям арзонӣ доштаӣ ба ҷой орам, то ту аз ман хушнуд гардӣ! Ё Аллоҳ, маро аз бандагони тавбакори солеҳ ва аз шукргузорони неъматҳоят бигардон! Тибқи ҳоли худ, дуое беҳтар надонам, ки бигӯям, ба ҷуз он ки худ дар Қуръонат моро омӯхтаӣ: ﺭَﺏِّ ﺃَﻭْﺯِﻋْﻨِﻲ ﺃَﻥْ ﺃَﺷْﻜُﺮَ ﻧِﻌْﻤَﺘَﻚَ ﺍﻟَّﺘِﻲ ﺃَﻧْﻌَﻤْﺖَ ﻋَﻠَﻲَّ ﻭَﻋَﻠَﻰ ﻭَﺍﻟِﺪَﻱَّ ﻭَﺃَﻥْ ﺃَﻋْﻤَﻞَ ﺻَﺎﻟِﺤًﺎ ﺗَﺮْﺿَﺎﻩُ ﻭَﺃَﺩْﺧِﻠْﻨِﻲ ﺑ
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added June 9 2019 at 22:13
ЗАНИ БЕХТАРИН КИСТ. 1. Зане, ки шавхарашро хурмат мекунад. 2. Чизу ашё ва молу амволи уро эхтиёт мекунад. 3. Фарзанд таваллуд мекунад ва хуб тарбия мекунад. 4. Гапи дуругро ба дахон намегирад. 5. Дасти калб надорад. Хабаркаширо бад мебинад. 6. Фиребу дуруягиро намеписандад. 7. Гуфти мард ба у конун аст. 8. Харчи изофаги намекунад. Пули шавхарро эхтиёт мекунад. 9. Озодаю хушгуфтор аст. 10. Дурандешу пахрезкор аст. 11. Мехнатдусту сариштакор аст. 12. Чашмсеру итоаткор аст. 13.
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added yesterday at 18:30
Сипас даст ба истилоҳи озоди ба русари расид ва онро аз сараш дур андохт, ва барои аввалинбор зани мусалмон бо сари луч дар назари умуми зоҳир гашт ва ба ингуна шарм ва ҳаё дар зан аз по афтод, ва дигар қодир нест ки уро аз нишасту бархосту мусофаҳа ва ҳарф задану хандидан бо ҳар марде бихоҳад боз дорад. Ва бадин тартиб зани мусалмон онгуна, ки шаҳват парастон ва ҳавасаронони номусалмон мехостанд ба урёни кашида шуд, ки дар натиҷаи ин табарруҷ ва урёнии ҷоҳили, синамо, ва намойшгоҳу клубҳо ва а
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added yesterday at 06:30
Таваллуди Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам. Таваллуд гашту сар дар саҷда бинҳод, Навои ғулгула дар Арш уфтод, Забони покро он тифли навзод... Бо "Ло Иллоҳа Иллаллоҳ "бикшод , Ғиреву шӯр дар саъба само шуд , Малак салавотхони Мустафо шуд , Ба Каъба хона андар саҷда афтод... Забони ҳолро дар ҳамд бикшод. Бишуд хомӯш оташхонаи ом , Нагун афтод дар бутхона асном, Бутун бишкасту шуд бутхона вайрон , Шикаст уфтод дар ойини бутлон.. Самову хушку Сова кард ҷараён , Ба Кисро ш
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added yesterday at 06:27
#аз_ҳаёти_Исмоил_Алаҳис_салом Аз маънои ин ду қисса 1. Барои шахси мусулмон зарур аст монанди пешвоямон Иброҳим бо фикру андеша ва ақлу идрок ба Худованди таъоло имон орад ва бовар намояд. 2. Бар ҳар мусулмон лозим аст нотарсона ҳақиқатро ошкор намояд. 3. Бояд бидонанд, ки Худованд бо ӯст, кӯмак ва ёриаш медиҳад. 4. Фармонҳои Илоҳиро иҷро намоянд. 5. Дар муқобили азобу шиканҷаи кофирон бо сабр бошад. 6. Дар даъваташ ба сустӣ ва хастагӣ роҳ надиҳад. 7. Иброҳимвор имон дошта бошад ва Исм
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added yesterday at 06:26
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added October 25 at 05:41
Духтаре телефони нав харида буд. Падараш, ки онро аз назар гузаронид, гуфт: Дутхтарам, баъд аз харидани ин телефон, авввлин коре, ки бо он кардӣ, чи буд? Духтар гуфт: Барои муҳофизат аз он, рӯи шишааш барчаспи махсус кашидам ва як ҷилд низ барояш харидам. Падар: Касе маҷбурат кард, ки ин корро бикунӣ? Духтар: Не. Падар: Бо ин кор фикр намекунӣ, ки ба ширкати созандааш тавҳин шуд? Духтар: Не падар. Балки худи ширкат тавсия медиҳад, ки аз ин чизҳои муҳофизатӣ истифода кунем. Ман низ намехоҳам
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added October 25 at 05:41
🌱 Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Мусалмон ба ҳеҷ мусибате дучор намегардад, магар он, ки Худованд ба сабаби он мусибат гуноҳонашро ба монанди барги дарахт мерезонад." 📚 Мухтасари Саҳеҳ Бухори 1953
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added October 22 at 17:28
ҒУЛОМ Нимаи рӯз бозор пур аз одам буд. Аз як тараф тоҷирон бо садои расо савдо мекарданд, аз тарафи дигар муштариён овоз баланд карда, моли беҳтар мепурсиданд. Тоҷире барои ҷалби муштариён ба болои як минбар баромад. Ӯ ҳанӯз ҳарфе ба забон наоварда буд, ки як гурӯҳ кӯдакон ба бозор даромаданд. Яке аз кудакон‚ ки пешопеш роҳ мегашт, дар дасташ ресмоне дошт. Нӯги ресмон ба гардани ғуломе баста шуда буд, ки аз пайи ӯ меомад ва ҳақорату таҳкир мешунид. Кӯдакон бо шӯру мағал ба миёни издиҳом даром
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added October 21 at 18:03
Аз ҳаммоми умумӣ берун шудем. Борон меборид. Зани ҷавону боҳиҷоберо дидем, ки назди дари вурудӣ дӯкон паҳн карда буд ва субун, лиф... мефурӯхт. Дӯстам ба ӯ наздик шуду ором салом дод ва нисфе аз молашро харид. Бо тааҷҷуб пурсидам: Барои чи ин чизҳоро харидӣ? Мо, ки ҳамин алъон аз ҳаммом баромадем. Дӯстам дар ҷавоб гуфт: Натиҷаи ғайрату иффати он зан аст, ки дар ин ҳавои сард дастфурӯшӣ мекунад, то эҳтиёҷи фарзандонашро бароваода созад, вагрна, метавонист алъон зери бағали гарму бистари нарм та
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added October 21 at 05:11
Қуръон чӣ мегӯяд? 1. Ширк намекунӣ. 2. Қатл намекунӣ. 3. Дуздӣ намекунӣ. 4. Дурӯғ намегӯӣ. 5. Туҳмат намекунӣ. 6. Ғайбат намекунӣ. 7. Беадолатӣ намекунӣ. 8. Ришват намегирӣ- намедиҳӣ. 9. Ноҳақро дастгирӣ намекунӣ. 10. Кибр намекунӣ. 11. Фахр намекунӣ (нишон дода фахр намекунӣ). 12. Кин намегирӣ. 13. Бар ятимон зулм намекунӣ. 14. Сухани бад намегӯӣ. 15. Ҳасад намекунӣ. 16. Бар амонат хиёнат намекунӣ. 17. Бахил намешавӣ. 18. Шоҳиди дурӯғгӯ намешавӣ. 19. Фитнаву фасод паҳн намеку
﷽   Бо  Худо  бош!   ﷽
added October 20 at 18:36
Шуморо бо фарорасии мохи РАБЕЪ - УЛ АВВАЛ. мохи таваллуди Паёмбарамон МУХАММАД.(с.а.в). табрик менамоям...
Show more
15 Sept 2019
2 968 participants in the group
Join
Паёмабари Худо (с) миёни ёрони гиромияш нишаста буд ва бо ҳам суҳбат мекарданд, навҷавони ятиме, ки дар чеҳрааш асари шикоят дида мешуд ба назди Паёмбари Худо омад ва гуфт: «Эй Паёмбари Худо ман боғчае аз хурмо дорам, ки хостам атрофи онро девор бино кунам аммо дарахти хурмое, ки мулки ҳамсояам аст дар миён вуҷуд дорад, ки дар бино кардани девор халал мерасонад. Ман аз ҳамсояам хостам то он дарахтро ба ман гузорад то деворам каҷ наояд, напазируфт, аз ў хостам то онро ба ман бифурушад, напазируфт».Паёмбари Худо ҳамсояи ятимро ба наздаш хонд ва барояш шикваи ятимро гуфт. Мард гуфт: бале, ҳамон гуна аст, ки ў мегўяд.Паёмбари Худо аз мард хост то он дарахтро ба ихтиёри ятим гузорад ва ё онро барояш бифурушад. Мард аз фурухтани он дарахт даст кашид, боз Паёмбари Худо ба ў гуфт: «Дарахтро ба ў бифурўш ва барои ту дар ҷаннат дарахте аз хурмо хоҳад буд, ки савора дар сояи он сад сол роҳ меравад» мард, ки ба моли дунё бисёр тамаъ дошт боз ҳам напазируфт. Яке аз ёрони гиромии Паёмбари Худо, ки ўро Абудаҳдоҳ мегўфтанд дар он лаҳза даромад ва аз ин кор огаҳ гардид, ба Паёмбари Худо (с) гуфт: агар ман он дарахтро бихарам ва ба ихтиёри ин навҷавон гузорам оё бароям дарахте дар биҳишт хоҳад буд?Паёмбари Худо гуфт: бале.Абудаҳдоҳ ба мард гуфт: оё боғи маро медони?Мард гуфт: бале, кист дар Мадина, ки боғи туро надонад, ҳатто медонам, ки дар боғи ту шашсад дарахти хурмо ва миёни он қаср ва чоҳи оби ширине вуҷуд дорад ва атрофи он бо девори баланде маҳкам карда шудааст.Ҳар сол тоҷирони Мадина барои харидани хурмоҳои боғи Абудаҳдоҳ мешитобиданд.Абудаҳдоҳ гуфт: пас биё дарахтатро дар муқобили ин боғам ва бо ҳама ҳастиҳояш бифурўш.Мард ҳайратзада ба тарафи Паёмбари Худо (с) менигарист ва аз шунидани ин гуна савдо ҳеҷ бовараш намеомад, чи гуна чунин боғи бузург бо ҳама қасру деворҳои баланд ва дарахтони зиёдаш ба як дарахти хурмо фурўхта мешавад?Абудаҳдоҳ гуфт ман ин боғро дар муқобили он дарахти биҳишт ҳеҷ мешуморам.Мард дар ҳузури Паёмбари Худо ва дигар саҳобагон савдоро пазируфт ва Абудаҳдоҳ хушҳолу дилгарм ба тарафи Паёмбари Худо гашт ва гуфт: оё барои ман дар биҳишт дарахте хоҳад буд?Паёмбари Худо (с) гуфт: «не»Абудаҳдоҳ аз посухи Паёмбари Худо рангпаридаву ҳайратзада шуд, Паёмбари Худо (с) суханашро идома дода гуфт, ки Худо дар муқобили он дарахт дарахте дар ҷаннат арза намуд ва аммо ту эй Абудаҳдоҳ дар муқобили карами Худо ҳамаи боғатро гузошти ва Худо, ки карим аст ин каромати туро ба дарахте не балки ба боғҳое аз хурмо дар ҷаннат мубаддал гардонид, ки аз шумурдани онҳо оҷизи.Паёмбари Худо такрор ба такрор мегуфт: «чи қадар аст мадоҳ[1] барои Абудаҳдоҳ».Ҳама ёрони Паёмбари Худо, ки онҷо нишаста буданд орзу мекарданд, ки эй кош Абудаҳдоҳ мебуданд.Абудаҳдоҳ ба хонааш баргашт ва ҳамсарашро ба наздаш хонд ва гуфт: «Ман боғ, қаср, ва чоҳу деворҳоро фурўхтам»Ҳамсараш, ки аз таҷрубаи тиҷории шавҳараш бо хабар буд, гуфт: бо чи қимате онро фурухти?Абудаҳдоҳ гуфт: «ба дарахте дар биҳишт, ки савора дар соягии он сад сол роҳ меравад»Ҳамсараш хушҳолона гуфт: Абудаҳдоҳ дар савдояш судманд шуд- Абудаҳдоҳ дар савдояш судманд шуд.
MU RU
20 Sept 2019
МошоАллох
  • 0
Log in or sign up to add a comment