Дидам падаре.ки чун х,икоят мекард. Аз фели бади писар шикоят мекард. Ашки чашми худ бар дида молида. Аз сузиши дил к,иса ривоят мекард. Дидам падаре аз писар орзор дид. Ваз ч,абри писар у захмати бисёр дид . Рузе бирасиду он писар гашт падар. Вай аз писари хеш чунин озор дид.
Эй ки ту чони мани,чони мани,чони мани,Он, ки ман хоста будам зи чахон, они мани. Дар миени хама ин талхиву шурии чахон, Намаки умри мани,шираи армони мани. Баски девонаи девони газалсози туям, Баски байтулгазали дафтару девони мани. Хар сухан к-аз лаби ту рехт,сурудаш кардам, Ман сухансози туям, то ту сухандони мани. Ту газалбахши мани, то багалат нургазал аст, Ман газалгуи туам, то ту газалхони мани. Газале аз багалат бахри мани камбагалат , Армугон соз, ки ту сохиби эхсони мани.
Абр омаду боз дар сари сабза гирист, Бе бодаи гулранг намебояд зист. Ин сабза, ки имруз тамошогохи мост, То сабзаи хоки мо томошогохи кист?
Рӯзе равам аз дунё, дунёи маро ёбед, Дар хок шавам пинҳон, пайдои маро ёбед. Дар дашту даман рафтам, дар хоки Ватан рафтам, Дарёи равон будам, маҷрои маро ёбед. Дар вазъи замин шеъре, дар вазъи само байте, Гуфтам ба ҳар имое, имои маро ёбед. Беҷою баҷо гуфтам, аз меҳру вафо гуфтам, Дар маҳфили ҳар ошиқ иншои маро ёбед. Дар пушти ғубори кӯҳ ё тӯри паранди абр Борон чу кунад сим-сим, симои маро ёбед. Дар ҳар варақи шеърам ё ҳар сабақи шеърам Тақвими дили гарму шайдои маро ёбед. Фардо ба шумо
Show more
About group
Чумхурии Точикистон нохияи Хисор дехаи Кавшдузон