Фильтр
  • Класс
Ту аз ман мерави имрӯз пушаймон мешави
охир,
Маро ёд карда ҳар лаҳза ту гирён мешави
охир.
Ту имрӯз мерави ҳатто маро хайре ҳам
ногуфта,
Яқин донам, ки ишқамро суроғон мешави
охир.
Маро бо ту ҳамеша меҳрубониву навозиш
буд,
Ба ҳар як ҳарфи дилҷӯям ту пазмон
машави охир.
Туро бо ман раҳи дил буд, ки дил бо дил
муҳаббат дошт,
Ки бе ман дар раҳи ин дил ту сарсон
мешави охир.
Пас аз як лаҳзаи кӯтоҳ ба ҷустуҷӯи ман
гарди,
Маро ноёфтаву аз худ гурезон мешави
охир.
Ту инро боз намедони, ки бе ман шоми ту
тор аст,
Шаби танҳову ту танҳо худ ҳайрон мешави
охир.
Марав аз ман, марав аз ман,ки ман низ
баъд намебахшам,
Ту танҳову пушаймону саргардон мешави
охир.
Агар ман ишк мебудам туро ошик мекардам Агар ман бахт мебудам туро хушбахт мекардам Агар ман ашк мебудам зи чашмони ту намерехтам Агар ман чон мебудам зи чисми ту намерафтам
Чудоиро бидидам зард будаст,
Дили аз ёр чудо пурдард будаст.
Азизон аз хамдигар чудо набошед,
Чудои оби рехтаи сард будаст.
Кай ту меои ба назди ошики дилдодат,
Ёри деринам биё гирам туро андар канор.
Навчавони меравад монанди абри даргузар,
Бо ту кай боре нишинам дар миёни лолазор.
Ай нигори нозанинам,
Ман ба рохат интизор.
Дил даруни синаам,
Дар ёди васлат бекарор.
Чаро сузам бароят? гар намесузи барои ман,
Чаро мирам бароят? гар намемири барои ман.
Чаро умри азизамро дар ин дунёи нотакрор,
Бихохам аз бароят гар намехохи барои ман.
Надорам такдири хуш аммо шукри Худо дорам
Надорам ёри дилсуз факат мехри Худо дорам
Наменолам зи такдирам ки ин доди Худо,бошад
Ба хар доду надодаш ки ман шукри Худо дорам.
Показать ещё