added today at 15:05
Наҷотбахшони Қазоқистон дар Туркия се нафарро аз зери харобаҳо зинда бароварданд
Як нафари солхӯрда ва ду ҷавонро имдодгарони қазоқ дар Ғозиёнтепа аз зери бинои 9-ошёнаи фурӯрафта берун оварданд.Зикр гардид, ки имдодгарон дар шароити душвор зери хатари фурӯпошии иншоот ду шабонарӯз кор карданд.
Бояд гуфт, 50 наҷотбахши тоҷик (https://t.me/Sputnik_Tajikistan/9458) низ феълан дар Туркия қарор доранд ва дар бартараф кардани оқибатҳои заминҷунбии мудҳиш кумак мерасонанд.
- Like0
added today at 14:35
Худкушӣ миёни ноболиғони Суғд афзудааст
Мақомоти Суғд аз афзоиши мизони худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ миёни ноболиғон дар минтақа изҳори нигаронӣ доранд.Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи Суғд зимни нишасти хабарияш гуфт, ки давоми соли 2022 дар шимоли кишвар 29 чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат бештар аст.
Қаблан, мақомоти Хатлон аз коҳиш ёфтани худкушӣ миёни ноболиғон хабар доданд.
- Like0
added today at 14:05
Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия ба 17 ҳазор нафар расид
Оҷонси идоракунии ҳолатҳои изтирории Туркия гуфт, бар асари офати табиӣ 14 014 нафар дар ин кишвар кушта шуда, ҳамчунин 63 794 нафар маҷрӯҳ гардиданд.Вазъ дар Сурия ба далели мушкилоти интиқоли кумакҳои башардӯстона ва ирсоли наҷотдиҳандагон боз ҳам печидатар аст. Теъдоди умумии кушташудагон дар он ҷо ба 2992 нафар расидааст ва теъдоди дақиқи осебдидагон то ҳол маълум нест.
- Like2
added today at 13:35
Музокироти навбатии Қирғизистон ва Тоҷикистон барои аломатгузории марз
Ин гуфтушунид, 3-9 феврал дар Бишкек баргузор шуд.Мулоқоти ҳайатҳо дар фазои дӯстӣ гузашт, хабар медиҳад девони вазирони Қирғизистон. Ҷониби қирғиз дар бораи иқдомоти мушаххас дар роҳи ҳалли қазияи марз гузориш надодааст.
Бори охир, вохӯрии ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар Хистеварз баргузор шуда буд.
- Like0
added today at 13:05
Тоҷикистон 15 муассисаи таълимиро дар соли 2022 баст
Ин нуктаро Икром Субҳонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар нишасти хабарӣ изҳор дошт.Номбурда сабаби қатъ гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимиро мувофиқат накардан ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рабт дод.
Субҳонзода муассисаҳои "Хонаи бритониёгӣ", "Чароғи дониш", "Сафои Ватан", "Нури ховар", "Гимназияи сазовор" ва "Офтобак" -ро ном бурд, ки асосан муассисаҳои таълимию томактабии ғайридавлатӣ, ҷамъиятҳои кушодаву пӯшида ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ будаанд.
- Like1
added today at 12:35
00:19
- Like1
added today at 12:05
Тоҷикистон аз рӯи воридоти ғайриқонунии асъор ба Русия, ба сегонаи аввал дохил шуд
Кормандони гумруки Русия дар як соли ахир беш аз 11 ҳазор кӯшиши интиқоли пулро пешгирӣ кардаанд.Асъори асосӣ - рубли русӣ, доллари ИМА ва евро буданд.
Пул на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам оварда шудааст.
Аммо, аз Русия на ба Тоҷикистон, балки ба Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Исроил бурда мешуд.
- Like1
added today at 11:35
- Like0
added today at 11:18
Наҷотбахшони тоҷик ба Туркия расиданд
КҲФ хабар дод, ки ҳавопаймо бо имдодгарони тоҷик субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Истамбул фуруд омад.Зикр гардид, ки наҷотбахшон ҳамроҳ бо худ тамоми таҷҳизоти садамавӣ ва наҷотро низ бурданд.
"Дар ин ҳайат мутахассисони баландихтисос, духтур-ҷарроҳ ва травматологи соҳибтахассус шомил шудаанд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Тоҷикистон бори нахуст имдодгарони худро ба хориҷи кишвар барои расонидани кумак сафарбар кард.- Like5
added today at 10:44
Русия бо ҳукумати Толибон* тамоси корӣ барқарор кардааст
Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар нишасти котибони шӯроҳои амниятӣ дар Маскав, ки ба мушкили Афғонистон бахшида шуд, изҳор доштааст"Мо дар Кобул бо раҳбарияти Афғонистон тамос барқарор кардем ва медонем, ки тарҳҳои бузурги иқтисодӣ дар назар аст, ки метавонанд вазъро дар иқтисод ба эътидол оваранд",- гуфт Путин.
Тавре Путин таъкид кард, Русия ҳама корро мекунад, то роҳҳои ҳалле барои беҳбуди вазъ пайдо кунад.- Like2
loading...
Show more