Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:30

Рӯзи 20 апрел аз соати 8:00 ҳаракат дар баъзе кӯчаю хиёбонҳои Душанбе мутаваққиф мешавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба далели ниммарафони байналмилалӣ ҳаракати нақлиёт аз бурриши кӯчаҳои Саъди Шерозӣ – Ҳофизи Шерозӣ то дидбонгоҳи Чорбоғ ва аз дидбонгоҳи Чорбоғ тариқи хиёбони Рӯдакӣ, то майдони "Дӯстӣ" қатъ мегардад.
Мусобиқа, ки теъдоди зиёди давандаҳои хориҷу дохили кишварро дарбар мегирад, то соати 11:00 идома меёбад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

ИИАО воридоти баъзе металлҳои қиматбаҳоро содатар мекунад.

Қарор дар бораи либерализатсияи воридот ва содироти баъзе категорияҳои металлҳои қиматбаҳо аз ҷониби шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қабул шудааст.
Сухан дар бораи истисно кардани молҳое меравад, ки ҳиссаи металлҳои қиматбаҳо аз 2% вазн зиёд нест, қайд намуд директори департаменти КИАО оид ба танзими гумрук.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Тоҷикистон ҷазои фолбину таштобдиҳандаҳоро сангин мекунад.

ВКД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати фолбину ҷодугарон, муллову таштобдиҳандагон ва нафароне, ки таълимоти ғайриқонунии динӣ мегиранд ҷазо дар намуди меҳнати иҷборӣ ба муҳлати 6 моҳ таъйин карда мешавад.
Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки нафарони мазкурро ба феҳристи ягонаи бақайдгирӣ ворид мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00

Толибон Ҳикматиёрро дар инзиво қарор доданд.

Манобеи наздик ба Гулбудини Ҳикматёр иддао доранд, ки шуморе аз толибон бо ҳузур дар хонаи раҳбари ҳизби исломии Афғонистон, ӯро аз суханронӣ ва дидорҳои сиёсӣ манъ кардаанд.
Гуфта мешавад дар пайи интишори изҳороти Гулбудини Ҳикматёр дар бораи ҳузури ишғолгаронаи паҳподҳои амрикоӣ дар ҳарими ҳавои Афғонистон, шуморе аз масъулони толибон ба хона ӯ рафта ва аз ин изҳорот интиқод кардаанд.
Ҳамзамони хабарҳое дар бораи мамнуъияти дидору ҳабси хонагии Гулбудини Ҳикматёр дар шабакаҳои иҷтимои мунташир шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:30

Муҳоҷирон дар Русия бо як патент метавонанд дар чанд минтақа кор кунанд

Вазорати молияи Русия тарҳи қонунеро таҳия кардааст, ки ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад, ки якбора дар чанд минтақа бар асоси патент кор кунанд.
Тарҳи қонун дар пойгоҳи ҳуқуқӣ нашр шуда, бар асоси он кор бо як патент дар чанд музофот дар сурате имконпазир мешавад, ки мақомоти ин минтақаҳо бо ҳамдигар созишнома дошта бошанд.
Тағйироти марбута ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия", бо дастури нахуствазир Михаил Мишустин ва муовини нахуствазир Татяна Голикова, таҳия шудааст.
Дар сурати қабул шудани қонун, тағйироту иловаҳо пас аз як моҳи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:00

Аз пахта то пистаю чормағз: Хатлон дар се моҳи охир ба хориҷ кадом маҳсулот ва чӣ қадар содирот кард

Мақомоти Хатлон номгӯи маҳсулотеро нашр намуданд, ки дар се моҳи охири соли равон ба кишварҳои хориҷ содирот шуд.
Манбаъ ҳаҷми маҳсулоти содиршударо низ зикр кард. Аз ҷумла:
🔸писта - 9,2 тон;
🔸пиёз - 5 496 тон;
🔸офтобпараст - 235 тон
🔸нахи пахта - 837 тон;
🔸ангур - 20 тон;
🔸чормағзи заминӣ - 19 тон
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:30

Дар се моҳ аз Хатлон наздик ба 74 ҳазор нафар сайёҳ боздид кард

Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон ба вилоят дар се моҳи соли 2024 дар умум 73605 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин 66402 нафарашон сайёҳони дохилӣ ва 7203 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:00

Афзоиши 30 дарсадии табодули колои Хатлон.

Дар 3 моҳи соли 2024 гардиши мол ба 4 миллиарду 120,6 млн сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 130 фоизро ташкил дода, 949,9 млн сомонӣ зиёд ва гардиши савдои хориҷӣ 120,6 млн долларро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 125,1% ё 24,2 млн доллар зиёд мебошад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:30

Дар Маскав зодаи Осиёи Марказӣ, ки ба як каниса ҳамлаи террористӣ омода мекард, маҳв гардид.

Дар манзиле, ки зиндагӣ мекард РИА Новости онро пайдо кард.
➖ Ҳуҷра мӯҳр зада шуд. Ҳамсояҳо иддао доранд, зодаи Осиёи Марказӣ, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард, ором рафтор карда, таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб накардааст.
➖Ин хона дар наздикии канисаи " Даркей Шалом" дар ноҳияи Отрадное ҷойгир шудааст.
➖Террорист дар муассисаи динӣ корҳои иктишофӣ анҷом дода , сипас маводҳои лозима барои сохтани маводи мунфаҷира харид кардааст.
➖Ҳангоми боздошт ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон дод ва бо оташи ҷавобӣ безарар гардонида шуд.
00:59
IMG_0025
64 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:30

Виктор Орбан истеъфои роҳбарияти Иттиҳоди Аврупоро талаб кард.

Сарвазири Маҷористон раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупоро ба шантажи сиёсӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки бояд истеъфо диҳад, зеро он ҳама тарҳҳои калидиро ноком кардааст.
Пештар Виктор Орбан гуфта буд, ки вай чунин мешуморад, ки дар паси баъзе тасмимҳои Брюссел манфиатҳои на Аврупо, балки Амрико меистад.
Вай қайд кард, ки "чунин Брюссел лозим нест", ки ба кишварҳои узв ҳамчун музофот муносибат мекунад ва ба онҳо чӣ гуна зиндагӣ карданро ёд диҳад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:00

Мақомоти Хатлон 90,5 %-и маблағҳои буҷетиро ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардааст.

Ба иттилоии мақомоти вилояти Хатлон дар вилоят нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷет 649,9 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ин нишондиҳанда нисбати нақша 15,9 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 107,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 764,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 691,6 миллион сомонӣ ё ин, ки 90,5 %-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:30

Сафири Тоҷикистон дар Русия нақши СҲШ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим донист

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нақши СҲШ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия зимни мизи мудаввар бахшида ба татбиқи афзалиятҳои раёсати Қазоқистон дар СҲШ изҳор дошт.
Ҳамзамон сафир дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай ба вежа таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе, ҳамкориҳои минбаъдаи давлатҳои аъзои СҲШ дар таъмини рақобати босамар, инчунин татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон доир ба Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 равона намуд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиё
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:00

Содирот зиёд шуду воридот кам: Мақомоти Хатлон аз дастовардҳояш хабар дод

Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон содироти мол аз вилоят ба 66,2 млн доллар расида, нисбати соли гузашта 182,7% ё 30 миллион доллар зиёд мебошад.
Воридоти мол ба вилоят 54,4 млн долларро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 90,3% ё 5,8 миллион доллар кам мебошад.
Яъне, воридоти мол нисбати содирот 11,8 миллион доллари ИМА камтар аст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:30

Нақшаи даъват 68,4% иҷро шуд.

Боз ду ноҳияи вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории навҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистонро иҷро намуданд.
13 апрел ноҳияи Носири Хусрав ва 15 апрел шаҳри Норак низ аз иҷрои ин чорабинӣ пеш аз муҳлат хабар доданд.
Қаблан ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросони вилояти Хатлон аз иҷрои нақша хабар дода буданд.
Ба иттилои Комиссариати ҳарбии вилоят ба ҳолати 14 апрел рафти даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳудуди Хатлон 68,4 фоиз иҷро шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:00

Коҳиши садамаҳои нақлиётӣ дар Хатлон

Мақомоти ВКД-и вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар давоми 3 моҳи аввали соли равон, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 58 садама (нисбати соли гузашта 19 адад кам), 33 ҳалокатшуда (нисбати соли пеш 18 нафар кам) ва 69 ҷароҳатбардошта (нисбати се моҳи соли 2023 ба теъдоди 16 нафар кам) ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон масъулини ВКД-и Хатлон таъкид кардааст, ки дар ин давом ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон як қатор чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ ва вохӯрию мулоқотҳои судманд бо табақаҳои гуногуни ҷомеа гузаронида шудаааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:30

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар асари боришоти шадид сел омад.

Феълан маълумот дар бораи хисороти ин офати табиӣ рӯи даст нест.
00:28
video_2024-04-17_09-49-30
72 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:00

Бархе дастурот иҷро нашуданд": шарҳи сабаби шикасти Тоҷикистон аз Саудӣ.

Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев гузаштан ба футболи кушодро далели шикасти тим аз дастаи Саудӣ хонд.
"Бачаҳои мо махсусан дар марҳилаи аввали бозӣ дастуротро начандон хуб иҷро карданду ба футболи кушод гузаштанд, ки бо тимҳое чун Арабистони Саудӣ мувофиқ нест", - гуфт ӯ.
Вай шарҳ дод, ки фосила байни хати ҳимоя ва нимҳимоя зиёд буд, ки аз ин рақибон истифода бурданд. Камбудиҳоро дар бозӣ бо Ироқ ба назар мегирем, афзуд ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:35

Идораҳои истихборотии ИМА қасди ҷалби кормандони Telegram-ро ба ҳамкорӣ кардаанд.

Дар ин бора бунёдгузори шабакаи иҷтимоӣ, Павел Дуров дар суҳбат бо рӯзноманигор Такер Карлсон баён дошт.
"ФБР ва хадамоти амниятӣ ба мо таваҷҷуҳи зиёд доранд, кӯшиши пинҳонӣ ба кор ҷалб кардани муҳандиси маро доштанд", - гуфт Дуров.
Ӯ афзуд, хадамоти иктишофии Амрико чанд маротиба дар фурудгоҳ ӯро пайгирӣ кардаанд.
00:31
Дуров
48 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:00

Тоҷикистон аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 4:2 шикаст хӯрд.

Мутаассифона тими олимпии Тоҷикистон дар бозии нахустинаш дар даври гурӯҳии Ҷоми Осиё дар Доҳа ба пирӯзӣ даст наёфт.
Дар бозиҳои минбаъда Тоҷикистон бо тимҳои миллии Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) зӯр меозмояд.
Показать ещё