Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Мусофиркашонӣ дар қаламрави ИИАО дар ҳоли рушд аст.

Дар охири соли 2023 гардиши мусофиркашонӣ дар кишварҳои ИИАО ба 609,3 млрд мусофир-километр расид. Тафсилоти бештар дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Узвияти Тоҷикистон дар ИИАО ба муҳоҷиронаш чӣ таъсир хоҳад дошт?

ИИАО метавонад барои муҳоҷирони тоҷик ҳимояти бештаре фароҳам оварад, гуфт муаррих ва сиёсатшинос Евгений Коренев зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати шомил шудани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия имкон пайдо мешавад, ки мушкилот бо шароити имтиёзнок ва фаъолияти бефосилаи вуруди муҳоҷирати корӣ ҳал шавад.
"Дар доираи ИИАО ба истилоҳ чаҳор озодӣ вуҷуд дорад - ҳаракати мол, хизматрасонӣ, сармоя ва муҳимтар аз ҳама дар мавриди Тоҷикистон ин нерӯи корӣ мебошад, ки аз амнияти бештар бархӯрдор хоҳанд буд", - гуфт Коренев.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00

Русия мехоҳад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ саноати мошинсозиро густариш диҳад.

Муовини сарвазири Федератсияи Русия Денис Мантуров дар ҷараёни «Иннопром» дар бораи дурнамои рушди истеҳсоли муштараки таҷҳизот ёдовар шуд.
Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳоло дар Осиёи Марказӣ ҳудуди 24 ҳазор ширкат бо сармояи Русия фаъолият доранд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:00

СПАД омода аст дар ҳалли низоъ дар Ховари Миёна кумак кунад.

Дар ин бора Имангали Тасмагамбетов, дабири кулли созмон таъкид карда, афзуд, ки имконоти рафъи вазъ торафт кам мешавад.
"Ташкилот омода аст, ки абзорҳои дар ихтиёраш бударо пешниҳод кунад... агар дархости дахлдор бошад", - афзуд ӯ дар мусоҳиба бо ТАСС.
Мушкили барқу обрасонӣ: Деҳқонони Суғд сабаби дер кишт шудани зироатҳоро гуфтанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:30

Ҳайати Тоҷикистон аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор ошно мешавад.

Аввалин даври нишасти Кумитаи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии ҷодаӣ» Эрону Тоҷикистон бо раёсати Дориюш Амонӣ муовини вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ва хонуми Саидиуродзода шоиста, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистони дар Теҳрон баргузор шуд.
Ҳамчунин қарор аст, ҳайати тоҷикистонӣ дар муддати ҳузури худ дар Эрон, пас аз мулоқот бо муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ ва раиси созмони банодиру дарёнавардии Эрон дар хусӯси ҳамкории тронзитии ду кишвари мулоқот ва гуфтугӯ кунанд ва бо сафар ба бандари Чобаҳор аз зарфиятҳои ин бандар боздиди намоянд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:00

Дар як соли ахир Русия ба харидории бештари коло аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кард.

Ба гуфтаи вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров, воридот 12% афзоиш ёфтааст.
Ин тавассути рушди логистика ва пардохтҳо бо асъори миллӣ ба даст омад, афзуд ӯ дар намоишгоҳи Innoprom дар Ӯзбекистон.
00:16
видео
58 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:30

Дар Тоҷикистон аз эҳтимолияти баланд шудани бемориҳои шадиди рӯда ва зарпарвини намуди “А” гуфтанд.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ки баҳор аст, эҳтимол аст, ки чунин шавад, аммо дар умум вазъи эпидемилогӣ пурра зери назорат аст.
Дар мавриди дигар бемориҳо ӯ гуфт, ки агар боришот ягон халал ворид созанд, бемориҳои шадиди рӯдаву меъда зиёд шуданаш мумкин аст.
Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо, мутахассис тавия медиҳад, ки сокинон чораҳои беҳдоштиро қатъӣ риоя кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Темур Раҳимов барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг шуд.

Ӯ бо як партоби зебо, намояндаи Баҳрайн Азамат Чотчаевро бо имтиёзи иппон шикаст дод.
Ин нишони сеюми биринҷии Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг аст.
00:05
Рахимов
81 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:30

Оғози фестивали намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон” дар Душанбе

Аз 22 то 26 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд Якумин “Фестивал-намоишгохи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2024” баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тартиби баргузории “Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон-2024” чунин аст:
шаҳри Душанбе 22-23 апрел,
шаҳри Бохтар 24 апрел,
шаҳри Хуҷанд 26 апрел.
00:24
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:00

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон кайҳоннавард Пётр Дубровро истиқбол гирифтанд

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон кайҳоннавард Пётр Дубровро гарму ҷушон пешвоз гирифтанд.
Дар вохурӣ бо низомиён қаҳрамони Русия дар бораи хусусиятҳои касбаш ва душвориҳо дар ин самт суханронӣ кард.
Вай инчунин ба тамоми суолҳои иштирокдорон посухи мушаххас дод.
Акс аз хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии низомӣ
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:30

Дар Эрон лоиҳаи озмоишии қабули кортҳои "Мир" оғоз мешавад.

Дар ин бора Раҳими Муҳсин, атташеи тиҷоратии сафорати Эрон дар Русия хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, барои татбиқи низоми нав вақт лозим аст, аммо корҳо оид ба ҷузъиёти техникӣ аллакай идома доранд, хабар медиҳад "Известия".
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:00

Нерӯҳои ҳавоии Исроил ба Рафаҳ ҳамлаҳои пурқуввати мушакӣ анҷом доданд.

Дар ин ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷануби Ғазза дасти кам 22 ғайринизомӣ кушта шуданд, ки 18 нафари онҳо кӯдакон буданд, хабар медиҳад АР.
Артиши Исроил ҳамларо пас аз тасвиби қонун дар бораи кумаки изофӣ ба Исроил ба маблағи 26,4 миллиард доллар анҷом дод.
00:13
рафах
116 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:30

Ба наздикӣ байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешавад.

Созишномаро ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Бритониё имзо карданд, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷа.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:00

Раҳмон ба Итлаия ва Ватикан рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан сафар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:30

Истеъфои сармураббии дастаи “Вахш»: Чаро?

Баъдӣ нокомиҳои пайдарпайи дастаи “Вахш” –и шаҳри Бохтар дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дас дастаҳои Лигаи олӣ сармураббии даста Тоҳир Муминов истеъфо дод, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии даста.
Бояд гуфт, ки баъди бохти 3-юм бо дастаи “Барқӣ” Т. Муминов дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон иброз дошта буд, ки омода аст баъди нокомиҳо аз мақомаш канор равад.
«Ба ҳар ҳол қарорӣ ниҳоиро роҳбарияти даста мегирад. Агар мувофиқ бошанд корро идома медиҳем, агар не ман омодаам, ки курсиро холӣ кунам»,- гуфт Муминов.
Ба иттилои манбаъ ҷойгузини Муминов рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:00

Маскав ва вилояти Маскав мехоҳанд барои муҳоҷирон патенти ягона ҷорӣ кунанд.

Барои аввал, танҳо дар соҳаи сохтмон.
Муовини аввали Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав Владимир Герасименко мегӯяд, лоиҳаи қонун ҳоло дар ҳукумат дар марҳилаи тасдиқшавӣ қарор дорад.
"Ягона патент ба ширкатҳои сохтмонӣ имкон медиҳад, ки мутахасисони хориҷиро вобаста ба эҳтиёҷоти истеҳсолӣ дар ҳудуди тамоми вилояти Маскав ва пойтахт зуд аз як макон ба макони дигар интиқол диҳанд", - навиштааст "Российская газета" аз суханони ӯ.
🔸Бо дарназардошти он, ки ҳоло дар пойтахти Русия ва дар вилоят патент нархҳои гуногун доранд - мутаносибан 8220 ва 7500 рубл - пас аз қабули қонун, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои ҳард
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:37

Темур Раҳимов пас аз вақфае ба рӯйи татамӣ баргашт.

Ӯ дар даври аввали Қаҳрамонии ҷудои Осиё озод буд ва рақобатҳоро дар даври чаҳорякниҳоӣ оғоз кард.
Вай дар ин давр намояндаи Индонезия Дарма Агастяро шикаст дод ва ба марҳилаи нимниҳоӣ баромад.
00:06
Рахимов
50 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 08:08

Давоми рӯзҳои истироҳатӣ шаш тан дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 07:49

Шонси охирин!

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) имрӯз дар доираи бозиҳои Ҷоми Осиё-2024 бозии сеюмашро бо Тайланд доир мекунад.
Ин дидор шоми имрӯз дар варзишгоҳи "Ал-Ҷануб"-и Давҳа баргузор мешавад.
Якеачини кишвар ду бозии қаблияшро бохта буд.
Барои роҳ ёфтан ба чорякфинал мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ танҳо метавонад бо фарқияти ду тӯб (3:1 ё 4:2) пирӯз шавад, дар ҳоле ки Ироқ бояд аз Арабистони Саудӣ мағлуб шавад.
Показать ещё