Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:50

Раҳмон кормандони СММ-ро бо зардолу, ангур ва хушкмеваҳои Тоҷикистон пазироӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок кард.
Муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу ва ангур дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Рим сурат гирифт.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 14:15

Пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ноҳияи ҳамномаш дар Хатлон гузошта мешавад.

Дар боғи фар-ҳангии ноҳияи Абду-раҳмони Ҷомӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷассамаи мутафаккири барҷастаи тоҷику форс, шоир Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта мешавад.
Муҷасамма бо сутунпоя 10 метр баландӣ гузошта мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки ноҳия соли 1930 бо номи Арал таъсис ёфта, соли 2004 ба хотири бузургдошти шоири маҳбуб Абдураҳмони Ҷомӣ номгузорӣ шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:50

Роҳҳои чанд кӯча дар Душанбе баста мешавад.

Аз 26 апрел то вақти ҳанӯз номуайян ҳаракати ҳамагуна нақлиёт аз буриши кӯчаи Ш.Шоҳтемур - М.Турсунзода то буриши кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур - А.Лоҳутӣ ва кӯчаҳои А.Лоҳутӣ - Пулодӣ муваққатан қатъ карда мешавад./
Дар ин бора шаҳрдорӣ хабар дода, сабаби баста шудани роҳро гузаронидани ноқилҳои зеризаминии баландшиддати барқӣ арзёбӣ кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 13:15
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:55
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:15
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:40

Думаи давлатӣ мехоҳад муҷозотро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар кунад.

Ҳамин тариқ, барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешниҳод шудааст, ки муҳлати зиндон то 15 сол ва ҷарима то 5 млн рубл зиёд карда шавад.
Гуфта мешавад Игор Краснов аллакай дастур додааст, ки чораҳои додани ғайриқонунии патент ва иҷозаи иқомат ба муҳоҷиронро шадидтар кунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:15
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:35
00:18
фаластин
21 просмотр
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:00

Табибони Эрону Тоҷикистон дар Душанбе амалиётҳои мураккаби ҷарроҳиро анҷом доданд

Дар доираи сафари кории як гурӯҳ табибони Эрон ба Тоҷикистон табибони ду кишвар дар самти амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар бахшҳои онкологӣ ва асаб табодули таҷриба намуданд.
Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Эрон Воҳид Ҳусейнӣ ва табибони тоҷик ба тариқи эндоскопӣ амалиёти ҷарроҳии онкологӣ гузаронида шуд.
Инчунин, табибони ду кишвар дар ҳамин бемористон амалиёти ҷарроҳии асаб ба тариқи эндоскопӣ низ гузарониданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:30

Дар шаҳри Маскав машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Дар ин машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Русия Михаил Галузин масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Инчунин тарафҳо атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:53

Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳии Русияро барои иштирок дар намоишгоҳи сайёҳии “Travel HUB” даъват кард

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон зимни мулоқот бо муассис ва роҳбари бюрои саёҳии Aredov Travel қайд кард, ки дар моҳи сентябри соли 2024 баргузории намоишгоҳи сайёҳии “Travel HUB” дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Вай аз ширкатҳои сайёҳии Русия даъват кард, ки дар чорабинӣ барои рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносои бо зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон иштирок намоянд.
Инчунин, ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкорӣ намудани Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Ассотсиатсияи туроператорони Русия изҳори омодагӣ кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 20:00

Дар Русия корҳо барои мушаххас кардани қонунгузории муҳоҷират идома доранд.

Дар ин бора ба РИА Новости раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко хабар дод.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:30

Имтиҳонҳои забони русӣ барои гирифтани патент барои муҳоҷирон мушкилтар мешавад

Хадамоти федеролии назорати маориф ва илм ба чанд донишгоҳи Русия дар мавриди имтиҳонҳои забони русии муҳоҷирон ҳушдор додааст.
Ба муассисаҳои таҳсилотӣ дар бораи роҳ надодан ба қонуншиканиҳо ҳангоми имтиҳони забони русӣ, аз фанни таърих ва қонунгузории Русия ёдовар шуданд.
Қаблан Кумитаи тафтишот чанд корманди ин донишкадаи Пушкинро, ки ба муҳоҷирон шаҳодатномаи қалбакӣ медоданд, боздошт намудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Нерӯгоҳи барқӣ атомии Балхаш низ ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Питер Своик, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Алянси соҳибкорони "Парасат" чунин мешуморад.
Ба фикри ӯ, дар кули Балхаш пайдо шудани нерӯгоҳи барқӣ атомӣ як қатор мушкилиҳоро ҳал мекунад.
"Танҳо он метавонад шимолро бо ҷануби Қазоқистон пайваст кунад... Ва ҷануби Қазоқистон ин ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ин ҳама як ҳалқа аст, дар ҳама ҷо камбудӣ дорад - ҳам дар мо ва ҳам дар ҳамсояҳо. А зин рӯ сохтани нерӯгоҳи барқӣ атомии Балзаш зарур аст", - таъкид намуд Своик.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:53

Олим Ширинов рӯзноманигори тоҷик аз равандҳои ҳамгироӣ дар ИДМ сухан кард

Равандҳои ҳамгироӣ, ки дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои аллакай таъсисёфта ҷараён доранд, ин ба СҲШ, СПАД, ИИАО ва ИДМ дахл дорад.
Ҳамаи онҳо аз он гувоҳи медиҳанд, ки кишварҳо дарк мекунанд, ки дар ваҳдат қувваи ҳамгироӣ вуҷуд дорад ва меҳвари ин иттиҳод Русия аст.
01:00
Ширинов2
87 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:40

Точикистон Ӯзбекистон на танҳо ҳамсоя, балки халкҳои бародаранд, гуфт рӯзноманигор Олим Ширинов

"Дар Тоҷикистон узбакҳо зиёданд ва дар Ӯзбекистон тоҷикон зиёданд. Мо дар даврае, ки Ислом Каримов раисиҷумҳури Ӯзбекистон буд, муносибатҳои душворро аз сар гузаронидаем”, - гуфт оқои Ширинов.
Вай таъкид кард, ки бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мерзиёев равобит комилан тағйир ёфт.
“Ӯ ба наздики ба Тоҷикистон сафар карда буд, дар ҷараёни он ин созишномаҳо ба имзо расида буданд. Дар ин бобат ман метавонам ин гуна шартномаҳо ва созишномаро истидбол кунам. Ҳама чизи марбут ба ҳамгироӣ ҳамеша хуб аст”.
00:42
Олим Ширинов
79 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори нахуст ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.

Бозии мунтахабҳои футзали Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.
Акнун мунтахаби футзали Тоҷикисмтон аввалин бор дар таърих соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон- 2024 шуд, ки он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:15

Осиёи Марказӣ метавонад дар оянда соҳибихтиёрии миллиро аз даст диҳад.

Ин имкон вуҷуд дорад, агар минтақа ширкат дар равандҳои ҷорӣ эълон накунад, изҳор дошт
таърихшинос ва коршиноси муносибатҳои байналмилалӣ Эсен Усубалиев.
"Марказҳои ташаннуҷ дар тамоми контури Авруосиё ба вуҷуд омадаанд, аз он ҷумла Қафқози Ҷанубӣ ва вазъ дар Афғонистон, дар марз бо Осиёи Марказӣ... Дар ин шароит кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд дар канор бимонанд", - гуфт ӯ.
Усубалиев хотиррасон кард, ки ташаккули давлатдории миллӣ дар Осиёи Миёна бо иштироки бевоситаи Русияи Шӯравӣ ба амал омад.
Показать ещё