Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:27

Ҷанозаи низомии тоҷик, ки Путин ба ӯ ордени "Ҷасорат" дода буд, дар Пенза баргузор шуд.

Абдуҷабор Неъматов, ки дар амалиёти вижаи низомии Русия ба ҳимояи Донбасс ҷон дода буд, бо русуми исломӣ ба хок супорида шуд.
Ҳамчунин ба хотири ӯ, низомиён тир ба ҳаво холӣ карданд.
Ба гуфтаи рафиқонаш, ӯ дӯсти ҳақиқӣ буд, то охир ба вазифаи худ содиқ монд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:18
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:10
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00
01:30
01 Белек Каныбеков
138 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:24

Вазири дифои Покистон Афғонистонро “манбаи терроризм” хонд.

Вазири дифои Покистон пас аз кушта шудан панҷ шаҳрванди чинӣ дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар иёлоти Хайбарпахтунхво гуфтааст, ки «манбаи тероризм дар Покистон, дар Афғонистон аст».
Изҳороти тунди Хоҷа Муҳамад Осиф дар ҳоле унвон мешавад, ки Покистони тайи як ҳафтаи гузаштаи шоҳиди ҳаводиси сириоли террористӣ дар бандари Гуводар, шаҳри Турбат дар иёлоти Балуҷистон ва ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи муҳандисони чинӣ дар иёлоти Хайбарпахтунхво будааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:20

Қирғизистон аз кӯшиши ҷалби шаҳрвандони ин кишвар барои ҳамлаҳои террористӣ дар Русия хабар дод.

Ҷалбкунандагон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ талош доранд, шаҳрвандони Қирғизистон, аз ҷумла ноболиғонро барои анҷоми амалҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷалб намоянд.
Дар ин бора вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон хабар додааст.
Дар сомонаи ин вазорат гуфта шудааст, ки намояндагии ин вазорат дар Русия ҳушдор додааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳои машҳур, аз қабили Telegram шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакони ноболиғ барои иштирок дар ҳамалҳои террористӣ дар қаламрави Русия фаъолона ҷалб мешаванд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:40

Рӯзҳои 28-29 март дар Тоҷикистон хатари фурӯ рехтани тармаҳо вуҷуд дорад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бар асоси маълумоти ҳавошиносон, рӯзҳои 28-29 марти соли 2024 дар як қатор роҳҳои кӯҳистонии тобеи марказ, дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, ҳамчунин дар ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли фурӯ рехтани тармаву сангрез ва баста шудани бархе роҳҳо пешбинӣ карда мешавад.
Ба ин далел, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони ин минтақаҳои тармахез хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ, ҳамчунин аз шиору моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 14:00

Академияи президентии Русия ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Русия ҳамкориро ба роҳ монданд

Форуми Маскави Академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ барномаҳои муштараки таълимӣ байни донишгоҳҳои Русия ва Тоҷикистонро оғоз намуд.
Дар имзои созишномаи дуҷониба ректори ДСРТ Машраб Файзулло иштирок дошт.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 13:10

Тасмагамбето: Имкон дорад СПАД васеътар шавад.

Васеъшавии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) имкон дорад, зарурати иттиҳоди низомию сиёсӣ ба таври қобили мулоҳиза меафзояд, гуфт дабири кулли СПАД Имангали Тасмагамбетов.
Дар ҳоли ҳозир ба СПАД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 12:30

Бо истифода аз сабтҳои видеоӣ террористҳои “Крокус” пайгирӣ шуданд.

Сабтҳоро афсарони пулис аз ҷойи сӯхтор пайдо намуда, гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк.
«Бо шарофати маълумоте, ки ба ситоди оперативӣ расонида шуд, имкон пайдо шуд, ки масири ҳаракати гумонбаршудагон муайян карда шуда, баъдан дастгир карда шаванд», - афзуд ӯ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 11:35
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:53

Раиси вилояти Хатлон дастур дод, ки низоми дурусти меҳнатӣ доимӣ назорат шавад.

Раиси виляоти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҷлиси вакилони халқи вилоят ба масъулони ниҳодҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ дастур дод, ки низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи дастурамали коргузориро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 10:05
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 09:28
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 27 марта в 18:20

Мақомот ба муҳоҷирон гуфт дар сурати ба мушкили дучор шудан дар Русия ба куҷо муроҷиат намоянд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, муроҷиат кардааст, ки дар сурати ба мушкилӣ дучор шудан ва ё ниёз доштан ба кумаки ҳуқуқӣ ба Намояндагиҳои вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират намоянд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 27 марта в 17:50

Индонезия мехоҳад бо ИИАО созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расонад.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия тасмим доранд то охири соли 2024 созишномаи тиҷоратиро ба имзо расонад.
Тавре рӯзномаи Jakarta Globe вазорати савдои ин кишвар навиштааст Индонезия барои пайдо кардани бозорҳои нави содиротӣ талош дорад.
Ба навиштаи нашрия, ахиран дар Арманистон музокироте сурат гирифт, ки дар ҷараёни ба тавофуқи муайян расиданд ва бархе аз ҷузъиёти алоҳидаи санад мувофиқа шуданд.
"Агар мо ҳамин тавр идома диҳем, мо метавонем дар соли равон созишнома миёни Индонезия ва ИИАО-ро ба имзо расонем", гуфт Ҷони Марта, директори музокироти дуҷонибаи Вазорати савдо.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 27 марта в 17:20

Дар Суғд барои занони ҳунарманду эҷодкор грант эълон кард.

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои дарёфти грантҳои Раиси вилояти Суғд озмун эълон кард.
Қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025 имзо шудааст.
🔸15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;
🔸15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;
🔸30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 27 марта в 16:20
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 27 марта в 15:40
Показать ещё