Фильтр
Все темы
Sputnik Тоҷикистон
добавлена 15 февраля в 11:35

Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.
Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.
Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 12:15
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:40

Думаи давлатӣ мехоҳад муҷозотро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар кунад.

Ҳамин тариқ, барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешниҳод шудааст, ки муҳлати зиндон то 15 сол ва ҷарима то 5 млн рубл зиёд карда шавад.
Гуфта мешавад Игор Краснов аллакай дастур додааст, ки чораҳои додани ғайриқонунии патент ва иҷозаи иқомат ба муҳоҷиронро шадидтар кунад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 11:15
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:35
00:18
фаластин
11 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 10:00

Табибони Эрону Тоҷикистон дар Душанбе амалиётҳои мураккаби ҷарроҳиро анҷом доданд

Дар доираи сафари кории як гурӯҳ табибони Эрон ба Тоҷикистон табибони ду кишвар дар самти амалиётҳои мураккаби ҷарроҳӣ дар бахшҳои онкологӣ ва асаб табодули таҷриба намуданд.
Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки ректори Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Эрон Воҳид Ҳусейнӣ ва табибони тоҷик ба тариқи эндоскопӣ амалиёти ҷарроҳии онкологӣ гузаронида шуд.
Инчунин, табибони ду кишвар дар ҳамин бемористон амалиёти ҷарроҳии асаб ба тариқи эндоскопӣ низ гузарониданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 09:30

Дар шаҳри Маскав машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия баргузор шуд.

Дар ин машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Русия Михаил Галузин масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Инчунин тарафҳо атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена сегодня в 08:53

Тоҷикистон ширкатҳои сайёҳии Русияро барои иштирок дар намоишгоҳи сайёҳии “Travel HUB” даъват кард

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон зимни мулоқот бо муассис ва роҳбари бюрои саёҳии Aredov Travel қайд кард, ки дар моҳи сентябри соли 2024 баргузории намоишгоҳи сайёҳии “Travel HUB” дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Вай аз ширкатҳои сайёҳии Русия даъват кард, ки дар чорабинӣ барои рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносои бо зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон иштирок намоянд.
Инчунин, ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкорӣ намудани Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Ассотсиатсияи туроператорони Русия изҳори омодагӣ кард.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 20:00

Дар Русия корҳо барои мушаххас кардани қонунгузории муҳоҷират идома доранд.

Дар ин бора ба РИА Новости раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко хабар дод.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:30

Имтиҳонҳои забони русӣ барои гирифтани патент барои муҳоҷирон мушкилтар мешавад

Хадамоти федеролии назорати маориф ва илм ба чанд донишгоҳи Русия дар мавриди имтиҳонҳои забони русии муҳоҷирон ҳушдор додааст.
Ба муассисаҳои таҳсилотӣ дар бораи роҳ надодан ба қонуншиканиҳо ҳангоми имтиҳони забони русӣ, аз фанни таърих ва қонунгузории Русия ёдовар шуданд.
Қаблан Кумитаи тафтишот чанд корманди ин донишкадаи Пушкинро, ки ба муҳоҷирон шаҳодатномаи қалбакӣ медоданд, боздошт намудааст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 19:00
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 18:00

Нерӯгоҳи барқӣ атомии Балхаш низ ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Питер Своик, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Алянси соҳибкорони "Парасат" чунин мешуморад.
Ба фикри ӯ, дар кули Балхаш пайдо шудани нерӯгоҳи барқӣ атомӣ як қатор мушкилиҳоро ҳал мекунад.
"Танҳо он метавонад шимолро бо ҷануби Қазоқистон пайваст кунад... Ва ҷануби Қазоқистон ин ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ин ҳама як ҳалқа аст, дар ҳама ҷо камбудӣ дорад - ҳам дар мо ва ҳам дар ҳамсояҳо. А зин рӯ сохтани нерӯгоҳи барқӣ атомии Балзаш зарур аст", - таъкид намуд Своик.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:53

Олим Ширинов рӯзноманигори тоҷик аз равандҳои ҳамгироӣ дар ИДМ сухан кард

Равандҳои ҳамгироӣ, ки дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои аллакай таъсисёфта ҷараён доранд, ин ба СҲШ, СПАД, ИИАО ва ИДМ дахл дорад.
Ҳамаи онҳо аз он гувоҳи медиҳанд, ки кишварҳо дарк мекунанд, ки дар ваҳдат қувваи ҳамгироӣ вуҷуд дорад ва меҳвари ин иттиҳод Русия аст.
01:00
Ширинов2
84 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:40

Точикистон Ӯзбекистон на танҳо ҳамсоя, балки халкҳои бародаранд, гуфт рӯзноманигор Олим Ширинов

"Дар Тоҷикистон узбакҳо зиёданд ва дар Ӯзбекистон тоҷикон зиёданд. Мо дар даврае, ки Ислом Каримов раисиҷумҳури Ӯзбекистон буд, муносибатҳои душворро аз сар гузаронидаем”, - гуфт оқои Ширинов.
Вай таъкид кард, ки бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мерзиёев равобит комилан тағйир ёфт.
“Ӯ ба наздики ба Тоҷикистон сафар карда буд, дар ҷараёни он ин созишномаҳо ба имзо расида буданд. Дар ин бобат ман метавонам ин гуна шартномаҳо ва созишномаро истидбол кунам. Ҳама чизи марбут ба ҳамгироӣ ҳамеша хуб аст”.
00:42
Олим Ширинов
75 просмотров
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:30

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори нахуст ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.

Бозии мунтахабҳои футзали Тоҷикистону Афғонистон бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт.
Акнун мунтахаби футзали Тоҷикисмтон аввалин бор дар таърих соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон- 2024 шуд, ки он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:15

Осиёи Марказӣ метавонад дар оянда соҳибихтиёрии миллиро аз даст диҳад.

Ин имкон вуҷуд дорад, агар минтақа ширкат дар равандҳои ҷорӣ эълон накунад, изҳор дошт
таърихшинос ва коршиноси муносибатҳои байналмилалӣ Эсен Усубалиев.
"Марказҳои ташаннуҷ дар тамоми контури Авруосиё ба вуҷуд омадаанд, аз он ҷумла Қафқози Ҷанубӣ ва вазъ дар Афғонистон, дар марз бо Осиёи Марказӣ... Дар ин шароит кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд дар канор бимонанд", - гуфт ӯ.
Усубалиев хотиррасон кард, ки ташаккули давлатдории миллӣ дар Осиёи Миёна бо иштироки бевоситаи Русияи Шӯравӣ ба амал омад.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 17:00

Ҷазои сахт барои ғайриқонуни додани патенту иҷозаи иқомат: Дастури додситони кулли Русия

Додситони кулли Русия Игор Краснов дастур додааст, ки барои додани ғайриқонунӣ додани патент ва иҷозатномаи иқомат ба муҳоҷирон "чораҳои сахттар" ҷорӣ карда шавад.
Краснов алакай дастур додааст, ки барои мансабдороне, ки ғайриқонунӣ ба муҳоҷирон ҳуҷҷат медиҳанд, муҷозот шадидтар шавад.
«Масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва меҳнатӣ таҳти назорат қарор дорад, нисбати мансабдороне, ки бар хилофи қонун ба муҳоҷирон патент, иҷозаи иқомат ва шаҳодатномаи донистани забон медиҳанд, чораҳои сахттар ҷорӣ карда мешавад», - таъкид кард ӯ ба Шӯрои Федератсия.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:30

Боздошти муовини вазири дифои Русия барои гирифтани порра дар ҳаҷми калон

Муовини вазири дифои Русия Тимур Иванов расман ба гирифтани пора гумонбар дониста мешавад, хабар додааст РИА Новости дар истинод ба додгоҳи Басмании Маскав.
Додгоҳ Ивановро ба муддати ду моҳ, то 23 июн равонаи зиндон кард. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба РИА Новости гуфтааст, ки ӯ гуноҳашро эътироф накардааст.
Бар асоси моддаи “Гирифтани пора ба миқдори махсусан калон”, ба муттаҳамони ин парванда то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
00:08
видео
72 просмотра
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 16:00

Дар семоҳаи якуми соли равон дар вилояти Хатлон 450 километр роҳҳо таъмир шуданд

Бино ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон дар семоҳаи яккуми соли равон дар миқёси вилояти Хатлон ба масофаи 450 километр роҳҳо ба маблағи умумии 24,1 миллион сомонӣ таъмиру навсозӣ шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:30

Мушкили истеҳсолкунандаҳо ҳангоми иваз кардани ҷойномҳо дар ИИАО ҳал карда шуд

Номивазкунии бархе ҷойномҳо масъалаи тамғагузории молҳо ва гардишашон дар муомилотро мубрам кардааст.
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ба регламентҳои техникии иттиҳоди гумрукӣ дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва тамғагузории онҳо тағйирот ворид кард.
Ин тағйирот ба имкони воридоти маҳсулоти ғизоӣ ба муомилот бидуни тағйир додани тамғагузории онҳо ҳангоми тағйир додани макони ҷойгиршавии ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ равона шудаст.
Sputnik Тоҷикистон
добавлена вчера в 15:00

Дар вилояти Хатлон сохтмони 1303 синфхона идома дорад

Тавре шуъбаи сохтмон ва меъмории дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст, давоми солҳои 2023-2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмуъ, 21 иншооти соҳаи маориф иборат аз 122 синфхона барои 3050 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 6100) мавриди истифода қарор дода шуд.
Айни замон дар 189 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилояти Хатлон, иборат аз 1303 синфхона барои 31272 ҷойи нишаст идома дорад.
Показать ещё