Ба зино наздик машав, зеро Худованд мефармояд: «ولا تقربوا الزنا إنه كان فاحشة وساء سبيلا.» Яъне «ба зино наздик машавед, ҳамоно зино зишт ва бад роҳест».
  • Класс
Аз шаҳодати дурӯғ ва пинҳондоштани он пархез кун, зеро Худованд мефармояд: «ҳар кас онро китмон кунад, қалбаш гунаҳкор аст, ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳад, доност.
Ризои мардумро дар хашми Худо маҷӯ, то шомили хашми Худо нагардӣ.
Аз ришвахурӣ, ришвадиҳӣ ва миёнҷӣ будани он, дар ҳазар бош, зеро ҳамаи онҳо лаънатшуда ҳастанд.
Ҷуз инсони Мӯъмин ба дӯсти магир ва ғизоятро ҷуз бо парҳезгор махӯр.
Қуръонро бо тадаббур бихон ва авомири онро ба ҷо овар ва аз манҳиёти он пархез кун, то дар рӯзи қиёмат шафеъ ва дастгир бошад.
Салом доданро бо шиносу ношинос тарк макун.
Суханони дигаронро қатъ макун, балки бо беҳтарин шева ба суханон гӯш бидеҳ.
Дар паи дур кардани ҳоҷоти мардум бош ва бикӯш, то суруре дар дили онҳо дохил намо.
Показать ещё