557596748498

(((()))) (((())))

Подшохо, аз дарат фазлу ато дорам умед, Бедавои доги хичронам наво дорам умед. Сокини куи алам, маснаднишини дарду гам, Чашм бикшо, холи зорам бин, чихо дорам умед. Бастам эхроми сари куят шудам лаббайказан, Аз тавофи каъбаат касди кучо дорам умед. Рехти хунам ба сад найранг бо теги чафо, Давлати дидорат, эй чон, хунбахо дорам умед. Захми носурам зи хад бигзашт, сангиндил табиб, Махрами чонбахш аз васлат даво дорам умед. То ба кай аз нозу истигно хамуши мекуни, Аз лаби бегона харфи ошно дорам умед. Умрхо шуд орзумандам,Камоли, руи дуст, Аз висоли ёр чандин муддао дорам умед.
7. НИШОНАХОИ КИЁМАТ. Як ҷамоат ҳамеша бар ҳақ қоим мешавад ва муҷаддидони бор-бор хоҳанд омад Ҳазрати амир Муъовия, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки ман аз Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шунидам, ки иршод фармуд, Дар уммати ман ҳамеша чунон ҷамоате хоҳад буд, ки бар ҳукми Худо қоим мебошанд то дами мавт эшон ҳамин ҳол хоҳанд монд мухрлифат ва адами муованат ба эшон ҳеҷ гуна нуқсоне ба эшон намерасонад яъне онҳо аз он ҳеҷ чизе бок (тарс) надоранд, ки равояти аҳли замон чист, оё бо мо мувофиқанд ё мухолиф. Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки он Ҳазрат, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд: Дар уммати ман чунон касоне то Қиёмат хоҳанд буд, ки ' пайваста аз тарафи Худованди Мутаъол
6. НИШОНАХОИ КИЁМАТ. Куфр беш аз ҳад зиёд мешавад Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, ривоят мекунад, ки Расули.Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки: Қабл аз расидани фитнаҳое, ки монанди пораҳои шаби торик ҳастанд бар аъмоли солиҳ сабқат бигиред зеро, ки дар вақт ва замон ба вацти субщ муъмин аст ва ба вақти шом кофир ё ба мавқеъи шом муъмин аст ва ба вақйти субх, кофир, дини худро ба як чизи ҳақири аз дунё мефурушад. Тавзех;: Ҳар вақте, ки фитнаҳо талиб биёянд инсонро дар анҷом додани аъмоли солих, садҳо ҳоил ва мониъ махсус мешавад ва рафтан ба роҳи дин номумкин маълум мегардад, дарчунин вақти ҳассос бақои эмон сахт дар хатар қарор мегирад. Аз ин назар Ҳодии олам, сал
00:52
Буи гуноххон.
20 850 просмотров
5. НИШОНАХОИ КИЁМАТ. Ҳар замони баъдй аз замони қаблӣ бадтар хоҳад буд Ҳазрати Зубайр ибни Адь, разияллоҳу анҳу мефармояд, ки дар хидмати ҳазрати Анас ибни Молик,разияллоҳу анҳу, ҳозир шуда, аз зулми Ҳаҷҷоҷ шикоят кардам, ҳазрати Анас, разияллоҳу анҳу шикоятро шунида иршод фармуд; ки: Сабр кунед маълум нест оянда чӣ хоҳад буд, чаро, ки ҳеҷ замоне ба шумо намезузаррд магар ин, ки замони баъдй бадтар хоҳад буд то ин, ки арвардигори худро мулоқот кунед, яъне то дам и мавт ин тавр нахоҳад шуд ки замони баъдй аз қаблӣ беҳтар бошад ман инро аз Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шунидам. Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки шикоят аз замон ва аҳли замона бе фоида аст ва умедвор будан барои вуҷ
4. НИШОНАХОИ КИЁМАТ. Бегонагӣ аз Ислом Ҳазрати Абуҳурайра, разияллоҳу анҳу, мефармояд, ки Расули Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, иршод фармуд, ки: Ислом дар ҳолати ғурбат ва бегонагӣ зоҳир шуд, ки мардум аз ӯ фирор мекунанд ва онҳое, ки динро қабул мекарданд теъдодашон бисёр кам буд, рӯзгоре хоҳад омад,ки Ислом дубора ғариб ва бегона мешавад, ҳамон гуна, ки дар ибтидо буд. Пас онҳое, ки бар Ислом амал,мекунанд теъдодашон хеле кам хоҳад шуд. Сипас иршод фармуд, ки: Хӯшхабарӣ ва башорат аст барои он касоне, ки ба сабаби рафтан ба роҳи Ислом,бегона ба шумор оянд. Тавзех;: Мақсуд ин аст, ки вақте, ки ман ба Ислом даъват додам, ибтидо чанд нафаре Исломро пазируфтанд дар ҳоле, ки аксари марду
Показать ещё