Яке аз бузургтарин донишмандони гузашта, Абдуллоҳ ибни Муборак (Р.а.) мегуяд: Ба суи Макка ва зиёрати оромгоҳи Паёмбар (С.А.В.) баромадам, дар роҳ ба суи Макка сиёҳи ё шабаҳеро дидам ва ба ин гумон, ки чи бошад ба он наздик шудам. Дидам, ки пиразане онч,о дар тан пироҳан ва чодари пашминае нишастааст. Гуфтам: Ассаламу ъалайки ва роҳматуллоҳи ва барокотуҳ. Дар посух гуфт: «Ва саломе, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст» (Сураи Ёсин: ояти 58) Ба у гуфтам: Худо ба ту раҳм фармояд, инч,о чи кор мекуни? Гуфт: «Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест» (Сураи Аъроф: ояти 186) Фаҳмидам, ки ин зан роҳ гум кардааст, пас гуфтам: ба куч,о рафтан мехоҳи? Гуфт: «По каст Худое, ки бандаи худро шабе аз Масч,идул-ҳаром ба Масч,идул-ақсо бурд…»(Сураи Исро: ояти 1). Фаҳмидам, ки аз Макка омадааст ва ба суи Байтулмақдис меравад, пас гуфтам: аз кай боз инч,ои? Гуфт: «… се шабу се руз…» (Сураи Марям: ояти 10). Гуфтам: ҳеч, хурдание дар наздат намебинам. Гуфт: «Ва он, ки ба ман таом медиҳад ва менушонад» (Сураи Шуаро: ояти 79). Гуфтам: об надори, чигуна обдаст мекуни? Гуфт: «… ва об наёфтед ба хоки пок таюммум кунед…» (Сураи Моида: ояти 6). Гуфтам: ман бо худ ғизо дорам, агар хурдан мехостед? Гуфт: «Ва рузаро ба шаб бирасонед» (Сураи Бақара: ояти 187). Гуфтам: мо, ки дар моҳи рамазон нестем? Гуфт: «Пас ҳар ки кори некеро ба рағбат ба анч,ом бирасонад, бидонад, ки Худо шукргузорандае доност» (Сураи Бақара: ояти 158). Гуфтам: Худо дар сафар барои хурдан рухсат додааст. Гуфт: «… ва агар мехоҳед бидонед, барои шумо беҳтар ҳамон аст, ки руза бидоред» (Сураи Бақара: ояти 184). Пурсидам: чаро бо ман монанди худам сухан намегуи? Гуфт: «Ҳеч, сухане намегуяд магар он ки дар канори у нозиру нависандае ҳозир аст». (Сураи Қоф: ояти 18). Гуфтам: аз кадом қавм ҳасти? Гуфт: «Аз паи он чи надони, ки чист марав, зеро гушу чашму дил, ҳамаро ба он бозхост кунанд». (Сураи Исро: ояти 36). Гуфтам: ман хато кардам, роҳи ҳале ба ман бигу! Гуфт: «Гуфт: имруз шуморо сарзаниш набояд кард, Худо шуморо мебахшояд…» (Сураи Юсуф: ояти 92). Гуфтам: агар мехостед ман туро бар шутурам савор карда ба корвонат бирасонам? Гуфт: «… ҳар кори неке, ки анч,ом медиҳед Худо аз он огоҳ аст» (Сураи Бақара: ояти 197). Уштурамро поён кардам то савор шавад. Гуфт: «Ба мардони муъмин бигу, ки чашмони хеш фуру пушанд…» (Сураи Нур: ояти 30) Чашмонамро пушидам ва гуфтам: савор шав. Вақте хост болои шутур савор шавад шутур ру ба гурез зада пироҳанашро каме пора кард. Пас гуфт: «Ва агар шуморо мусибате аз мусибатҳо расад, пас ба хотири корҳоест, ки кардаед» (Сураи Шуро: ояти 30) Гуфтам: бошед то шутурро бандам. Гуфт: «Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем…» (Сураи Анбиё: ояти 79) Шутурро бастам ва гуфтам: савор шав. Гуфт: «Пок аст он кас, ки инҳоро барои мо ром кард, вагарна моро тавони он набуд. Ва мо ба суи Парвардигорамон боз мегардем» (Сураи Зуҳруф: ояти 13). Лач,оми шутурро ба даст гирифтам ва фарёдзанон шитобидам Гуфт: «Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор…» (Сураи Луқмон: ояти 19). Пас оҳиста оҳиста ва шеър таранумкунон роҳ рафтам. Гуфт: «… ва ҳарчи муясар шавад аз Қуръон бихонед…» (Сураи Музаммил: ояти 20). Гуфтам: аз хайри зиёде бархурдори. Гуфт: «… ва касе ҷуз хирадмандон панд напазиранд». (Сураи Бақара: ояти 269). Каме роҳ рафтам ва аз у пурсидам: оё шавҳар дори? Гуфт: «Эй касоне, ки имон овардаед аз чизҳое, ки вақте бар шумо ошкор шавад андӯҳгинатон мекунанд, напурсед». (Сураи Моида: ояти 101). Пас аз ин посухаш хомуш нишастам то онки корвонро дарёфтем, пас гуфтам: ин корвон аст, оё касе аз наздиконат дар он ҳаст. Гуфт: «Мол ва фарзандон зебоии ҳаёти ин дунё ҳастанд» (Сураи Каҳф: оятҳои 46-28) Фаҳмидам, ки дар корвон фарзандонаш вуч,уд доранд. Гуфт: «Ва нишонаҳо ниҳод ва ба ситорагон роҳ меёбанд» (Сураи Наҳл: ояти 16) Фаҳмидам, ки фарзандонаш роҳнамоёни корвон ҳастанд. Ба назди пешравони корвон наздик шудам ва гуфтам: инч,о ки аст аз фарзандонат? Гуфт: «… ва Худо Иброҳимро халили худ баргузид»(Сураи Ниса) «… ва бо Мусо сухан гуфт» (Сураи Ниса) «Эй Яҳё китобро ба қувват бигир…» (Сураи Марям: ояти 12). Пас гуфтам: Эй Иброҳиму Мусо ва Яҳё куч,оед? дидам, ки се ч,авоне ба монанди моҳтоб ба наздамон омаданд. Вақта каме нишастем пиразан гуфт: «Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бинад, ки ғизои покиза кадом аст, ва бароятон аз он, рузиятонро биёварад» (Сураи Каҳф: ояти 19) Яке аз фарзандон рафт ва ғизое оварда ба наздам гузошт, пиразан гуфт: «Бихуреде биошомед, гуворо бод шуморо, инҳо мукофоти аъмолест, ки дар аёми гузашта ба ч,о меовардед» (Сураи Ҳаққоҳ: ояти 24) Ман гуфтам: хурдани хуроки шумо бар ман ҳаром бод агар дар бораи модаратон чизе ба ман нагуед. Гуфтанд: ин модари мо аст, ки наздик ба чил со ласт ғайр аз Қуръон, аз хавфи мабодо сухани ноч,ое аз забонаш барояд ва қаҳру ғазаби Худо ба сараш фаро наояд, сухан намегуяд. Гуфтам: «Ин бахшоиши Худост, ки ба ҳар ки хоҳад медиҳад ва Худоро бахшоише бузург аст». (Сураи Ч,умуъа: ояти 4, Сураи Ҳадид: ояти 21).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев