Дуруд ҳаводорони шеъри устод Лоиқ Шералӣ!
Моро дар Инстаграм беш аз 3 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд!
Сипос, ки бо мо ҳастед🙏
instagram.com/loiqsherali
sheraliloiq

ЛОИК ШЕРАЛИ

t.me/loqsherali
* * *
Ғарқи дарёи ғамонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Як қалам шакку гумонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Гӯям ар, сӯзад забонам, варна сӯзад устухонам,
Дар замона безамонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Нашъаи суре намонда, ламъаи нуре намонда
Дар замину осмонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Мурдаҳо бегӯр монда, зиндаҳо бешӯр монда,
Хокдон шуд хонадонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Дурбину дурандешон ҳама бар хок рафтанд,
Ман барошон гӯрбонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Рӯзу шаб тобут бар дӯш, бори сад камбуд бар дӯш
Сӯи гӯристон равонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Ҳар куҷо як муштзӯре, ҳар қадам сад қаҳрамоне,
Қаҳрамони бенишонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Ҳар куҷо соҳибкамоне, нест як соҳибқироне,
Дар камини сад камона
sheraliloiq

ЛОИК ШЕРАЛИ

t.me/loiqsherali
* * *
Агар рӯде бихушкад, боз рӯде ояд аз куҳсор,
Агар эҳсоси мо хушкад,
Агар ишқи дили мову ту хушкад, ҷои фарёд аст,
Ки бе ӯ баҳри мо на нашъаи умру на эҷод аст.
Агар киште насабзад, соли дигар боз месабзад.
Насабзад гар умеди мо,
Насабзад гар муҳаббат дар дили мо, ҷои афсӯс аст,
Ки фуқдонаш ба назди бихрадон ҳамвора маҳсус аст.
Агар кӯҳе шавад аз ярч яксони замин, ғам нест,
Агар дарди муҳаббат кам шавад, ҷои пушаймонист,
Ки бе ӯ одамӣ худро намеёбад,
Ба чашми одамон одам наметобад.
Ба гардун ахтаре гар мурд, гардун боз хоҳад буд,
Агар ишқи дили мо мурд, ҷои гиряву зорист.
Ки бе ӯ дар нигоҳи ман фалак аз ахтарон холист,
Замину осмон аз ошиқону шоирон холист.
Ҷаҳон беч
Показать ещё