Салом модар салом хуршеди тобонам салом эй хотири чамъу дили шодам салом олихаи хусну латофат салом эй мохи тобонам! ман имруз боз дар наздат сари таъзим фуруд орам ва аз номи хама фарзандонат бигуям 50-солагият муборак модари чонам!... Азизони дил!ман ин шеъраки ночизи худро расо 15 сол пеш барои нури чашмону давобахши дардхоям ба модарчони азизам бахшида будам. Аммо соли 2010 марги беамон хуршеди маро аз сарам дур кард модарчони ман ин дунёро падруд гуфтанд .вале лахзе аз ёди ман чехраи гарму нуронии модарам дур нашудааст.гохе мехохам бо тамоми овоз фарёд занам модарчонамро садо кунам вале... инак боз бахор меояд аммо ман рузи аввали бахорро
  • Класс
То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст, Дили савдозада аз ғусса ду ним афтодаст. Чашми ҷодуи ту худ айни саводи сеҳр аст, Лекин ин аст, ки ин нусха сақим афтодаст. Дар хами зулфи ту он холи сияҳ донӣ, чист? Нуқтаи дуда, ки дар ҳалқаи ҷим афтодаст. Зулфи мушкини ту дар гулшани фирдавси узор Чист? Товус, ки дар боғи наим афтодаст, Дили ман дар ҳаваси рӯи ту, эй мӯниси ҷон, Хоки роҳест, ки дар дасти насим афтодаст. Ҳамчу гард ин тани хокӣ натавонад бархост, Аз сари кӯи ту з-он рӯ, ки азим афтодаст. Сояи қадди ту бар қолибам, эй Исодам, Акси рӯҳест, ки бар азми рамим афтодаст. Он, ки ҷуз Каъба мақомаш набуд аз ёди лабат, Бар дари майкада, дидам, ки муқим афтодаст. Ҳофизи гумшу
Гудози ишқи Ҳақро ошиқи мастона медонад, Шукӯҳи сӯзи доғи шамъро парвона медонад. Чӣ мепурсӣ зи зоҳид илми ишқи сирри ваҳдатро, Ки ҳушёр аст ӯ, ин рамзро девона медонад? Зи мақсад дур солик аз гумони дур меафтад, Ба ҳар ҷо восилон мақсудро ҳамхона медонад. Намеёбӣ зи масҷид, мақсади дил дар харобот аст, Касе, ки ёфт аксар ганҷ, дар вайрона медонад. Шаҳидон дар тапиш лаззат зи теги ишқ меёбанд, Касе ҷон дод, завқи бисмили ҷонона медонад, Зи завқи нашьаи май зоҳидон воқиф нашуд охир, Димоғи ринди шайдо шаммаи майхона медонад. Ба бедардон Ҷунунӣ,дурри ишқашро чаро суфтӣ, Куҷо ҳар танпарасте қадри ин дурдона медонад
Показать ещё